Коршинос: ифротгароёни пушаймон пойгоҳи таблиғотии террористон низ шуда метавонанд

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Коршинос: ифротгароёни пушаймон пойгоҳи таблиғотии террористон низ шуда метавонанд

Коршиноси масоили низомии рус, роҳбари Маркази таҳлилии масоили иҷтимоӣ Александр Жилин гуфт, ки бозгашти ифротгароёни пушаймон ба Тоҷикистон метавонад бо чӣ анҷом ёбад

Ба гуфтаи коршинос, Тоҷикистон бояд ниҳоди байнидавлатие бо ҷалби мақомоти амниятӣ ташкил кунад, ки бозгашти ифротгароёни пушаймонро ба ватан пайгирӣ кунад.

«Нафароне, ки бармегарданд, аммо дар ҷангҳои хориҷӣ хун рехтаанду куштаанд — онҳо пойгоҳи таблиғотие барои террористон мешаванд», — мегӯяд ӯ.

Международные авиа грузоперевозки

Жилин таъкид мекунад, ки ин пойгоҳи таблиғотиро бояд безарар гардонид, то онҳо дубора ба гурӯҳҳои террористӣ шомил нашаванд.

Барои мубориза бо терроризм метавон аз воситаҳои гуногун истифода кард. Нобуд кардани ҷангиён роҳи ягонаи мубориза бо онҳо нест.

«Баъзан ҷонибе, ки зидди террористон мубориза мебарад, барои аз даст надодани низомиён, аз террористон талаб мекунад, ки таслим шаванд», — тавзеҳ дод Жилин.

Коршинос афзуд, ки дар ин ҳолат ҷангиёне, ки дар қатли оми аҳолӣ иштирок накардаанд, бахшида мешаванд.

Читайте также  Иштибоҳ кардем: вокуниши сафорати Амрико ва пӯзиши Кумитаи дин