Мусобиқа?: арчаи солинавиро дар Хуҷанд бо 40 ҳазор чароғаки ороишӣ зеб медиҳанд

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Мусобиқа?: арчаи солинавиро дар Хуҷанд бо 40 ҳазор чароғаки ороишӣ зеб медиҳанд

Баландии арчаи солинавӣ дар шаҳри Хуҷанд 20 метр ва паҳноии он 9 метрро ташкил дода, ба гуфтаи масъулин, бори аввал дар бист соли охир дар Хуҷанд арчаи солинавиро бо чунин шаҳомат зеб медиҳанд. Пештар шаҳрдории Душанбе низ эълом карда буд, ки бори аввал арчаи баландтаринро дар пойтахт насб мекунад

ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Арчаи солинавии маркази вилояти Суғд – шаҳри Хуҷандро бо 40 ҳазор чароғаки ороишӣ зеб медиҳанд, хабар медиҳад Ҳукумати вилояти Суғд.

Бино бар иттилои манбаъ, арчаи солинавӣ дар Хуҷанд бо 20 метр баландӣ ва 9 метр паҳноӣ қомат хоҳад афрохт.

Международные авиа грузоперевозки

Ба гуфтаи масъулин, бори аввал аст, ки арчаи солинавиро дар маркази вилоят бо чунин шаҳомат насб мекунанд.

“Арчаи Соли навии маркази вилоятро 40 000 чароғаки ороишӣ бо зиёда аз 4000 бозичаҳои гуногун бо дизайни муосир зеб медиҳад”, – менависад манбаъ.

Интизор меравад арчаи солинавӣ дар Хуҷанд то 10 декабр қомат афрозад.

Ин дар ҳолест, ки пештар масъулини шаҳрдории Душанбе низ эълом карда буданд, ки дар пойтахт арчаи баландтарин насб мекунанд. Ба гуфтаи масъулин, имсол арчаи солинавӣ ба хотири бузургтару баландтар буданаш дар наздикии тандиси Исмоили Сомонӣ дар майдони Дӯстӣ ҷой дода шуда, онро бо 12 ҳазор бозича оро хоҳанд дод. Ба гуфтаи шаҳрдорӣ, арчаи Душанбе низ бояд то 10 декабр омода бошад.

Читайте также  Дар Душанбе пирамарди 82-солаи русро лату кӯб карда, медалҳояшро ғорат карданд