Путин ба 7 тоҷикистонӣ шаҳрвандӣ доду 1 нафарро маҳрум кард

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Путин ба 7 тоҷикистонӣ шаҳрвандӣ доду 1 нафарро маҳрум кард

Раисҷумҳури Русия Владимир Путин фармонеро ба имзо расонид, ки мувофиқи он 77 нафар хориҷиён соҳиби шаҳрвандии Русия гардиданд

ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Владимир Путин раисҷумҳури Русия фармонеро ба имзо расонидааст, ки мувофиқи он 7 шаҳрванди Тоҷикистон соҳиби шаҳрвандии Русия мегарданд. Ҳуҷҷати мазкур дар саҳифаи расмӣ-интернетии иттилооти ҳуқуқӣ нашр шудааст.

Соҳиби шаҳрвандии Русия Раҳимдод Каттабеков, Акмал Қосимов, Фарҳод Орипов, Бибимайрам Розиқова, Баҳодур Рустамов, Маҳмадҷон Ҳалимов ва Назир Бабаҷонов мегарданд.

Международные авиа грузоперевозки

Қайд шудааст, ки ба ҳайси шаҳрванди Русия зодагони Арманистон, Узбакистон, Афғонистон, Малдовия, Озорбойҷон, Белорус, Қазоқистон, Сурия, Украина, Қирғизистон, Туркия, Латвия, Ветнам, Басния ва Гертсегавина, Амрико ва Англия қабул шудаанд.

Ҳамагӣ 77 нафар ба ин мақом сазовор гаштаанд.

Дар фармон зикр шудааст, ки ашхоси мазкур танҳо баъди ёд кардани қасами шаҳрвандӣ соҳиби шиносномаи Русия мегарданд, фарзандони онҳо бе қасам ва баробари волидонашон соҳиби ҳуҷҷати шаҳрвандии ин кишвар мегарданд.

Дар ҳуҷҷати мазкур қайд шудааст, ки Путин ба фармони соли 1998 тағйирот ворид карда, як зодаи Тоҷикистонро барои истифодаи ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ва додани маълумоти бардурӯғ ба муасисаҳои дахлдор, аз шаҳрвандии Русия маҳрум кардаст.

 

Читайте также  Дар хобгоҳи донишгоҳи Маскав гуруҳи донишҷӯёнро боздошт карданд