Маълум шуд, ки Тоҷикистон чанд фисади нақшаи ҷамъоварии пахтаро иҷро кард

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Маълум шуд, ки Тоҷикистон чанд фисади нақшаи ҷамъоварии пахтаро иҷро кард

Кишоварзони Тоҷикистон аз оғози мавсим 323 ҳазор тонна пахта бардоштанд, ки ин 90,2 дарсади ҳаҷми барномарезишуда мебошад,

ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Бино ба иттилои вазорати кишоварзии Тоҷикистон, то имрӯз кишвар бештар аз 90 дар сади нақшаи ҷамъоварии пахтаро иҷро кард.

Международные авиа грузоперевозки

Бино бар иттилои манбаъ, дар навоҳии ҷанубии кишвар мавсими ҷамъоварии пахта дар поёни моҳи август оғоз шуда буд.

«Дар вилояти Хатлон то ба ҳол беш аз 200,6 ҳазор тонна пахта бардоштанд, ки 80,2 дарсади ҳаҷми барномарезишади соли ҷорӣ мебошад. Дар вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ 111,5 ҳазор (111,5 дарсад) ва 11,4 ҳазор (131,4 дарсад) тонна пахта ҷамъоварӣ шуд», — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

То ба имрӯз ноҳияҳои Шаҳринав, Рӯдакӣ, Ашт, Данғара ва шаҳри Ҳисор барномаи ҷамъоварии панбаро анҷом доданд.

Имсол дар 185 ҳазору 817 ҳектор киштзори Тоҷикистон пахта кишта шуда буд.

Читайте также  Тағйироти кадрӣ: аз Шоҳ Искандаров то сардорони нави милиса дар Нораку Данғара - акс