Манижа наворҳои ҳунарнамоияш бо гиторнавози «Би-2»-ро нашр кард — видео

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Манижа наворҳои ҳунарнамоияш бо гиторнавози «Би-2»-ро нашр кард — видео

Манижа Сангин, овозхони тоҷиктабори Русия, наворҳои ҳунарнамоияш бо гиторнавози гуруҳи «Би-2» – ро дар Маскав нашр кард

ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Manizha, овозхони маъруф якҷо бо Александр Уман аз гуруҳи «Би-2» дар толори консертии  «Известия Hall»-и Маскав  ҳунарнамоӣ кард.

Манижа Сангин чанд навор аз консерти мазкурро, ки 5 декабр баргузор шуд, дар саҳифааш дар  Instagram нашр карда, таассуроташро баён намудааст.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

Часть 2. Просто однажды @antonsevidov показал @shurab2band мою музыку. Так и началась эта уникальная история! Круто, когда за кадром есть комьюнити музыкантов, которые готовы поддержать друг друга, без корысти и зла, объединив свои идеи и свою аудиторию воедино. Так возможно изменить мир, по крайней мере мир музыки точно.

Публикация от MANIZHA (@manizha) 6 Дек 2018 в 1:14 PST

Международные авиа грузоперевозки

Ба иттилои Манижа, ӯро бо  Уман оҳангсоз Антон Севидов шинос кардааст.

«Фавқулода хуб аст, вақте дар паси саҳна аҳле аз мусиқӣ ҳастанд, ки бидуни ҳеч ғаразе омодаи дастгирии ҳамдигаранд ва фикру ғояҳояшонро бо ҳам ва бо мухлисон муттаҳид мекунанд. Бо ин роҳ ҷаҳонро,  ҳадди ақал ҷаҳони мусиқиро дақиқан метавон тағйир дод”, — изҳор дошт Манижа дар саҳифааш.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

Часть 1. Найди себя, и напиши мне здесь. Хочу лично поблагодарить каждого, кто пел в этот момент. / @shurab2band — мой рок-н-ролл

Публикация от MANIZHA (@manizha) 6 Дек 2018 в 10:44 PST

Дар ҷамъбасти консерт овозхон ба ҷамъомадагон изҳори сипос карда, рӯзи баргузории ин консерт ва ҳайати дастандаркорони онро аз беҳтаринҳо хондааст.

Читайте также  Қоидаҳои санитариро риоя накардед: ҷаримаи мудири шӯъбаи дандонпизишкии ноҳияи Рашт

Ӯ иттилоъ дод, ки консерти дигараш 12 декабр дар Санкт-Петербург дар назар аст.