Муҳоҷират ин ҷасорату ирода аст: ҷаҳон рӯзи муҳоҷирро таҷлил мекунад — навор

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Муҳоҷират ин ҷасорату ирода аст: ҷаҳон рӯзи муҳоҷирро таҷлил мекунад — навор

Ҳамасола 18 декабр дар ҷаҳон рӯзи байналмилалии муҳоҷир таҷлил мешавад

ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Ҷашни мазкур бо пешниҳоди Созмони милали муттаҳид, аз соли 2000-ум инҷониб таҷлил мешавад.

Роҳандозии Рӯзи ҷаҳонии муҳоҷир ба афзоиши рӯзафзуни ин қишр дар ҷаҳон ва зарурати ҳифзи ҳуқуқҳои бунёдии онҳо рабт дода мешавад.

Safety.
Dignity.
Human Rights.

For all migrants: women, men, and children pic.twitter.com/G9n764XbOe

— IOM — UN Migration (@UNmigration) 16 декабря 2018 г.

Международные авиа грузоперевозки

Ба феҳрасти кишварҳои асосии қабулкунандаи муҳоҷирон ИМА — 47,5 миллион нафар, Олмон — 12,6 миллион нафар, Арабистони саудӣ — 12,2 миллион, Русия — 11,7 миллион ва Британияи Кабир — 9,2 миллион нафар шомил шудаанд.

Ба рӯйхати кишварҳои пешсафе, ки сокинонаш муҳоҷир мешаванд, Ҳиндустон бо 16,4 миллион нафар,  Мексика — 11,9 миллион, Русия — 11 миллион ва Чин бо 10,1 миллион нафар ворид гардидаанд.

18 декабря отмечается Международный день мигранта.
Общая численность международных мигрантов увеличилась со 175 миллионов человек в 2000 году до 244 миллионов в 2015 году. Большинство из них проживает в Европе (76 миллионов) и Азии (75 миллионов).https://t.co/HUXOZ2MCsO pic.twitter.com/7hv8QAIK4f

— ООН (@UnitedNationsRU) 18 декабря 2018 г.

​Қаблан Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро дар сархати кишварҳое қарор дод, ки иқтисодаш аз маблағи равонкардаи муҳоҷирони меҳнатӣ вобастагии зиёд дорад. Ҳамасола ҳудуди 1 миллион муҳоҷири меҳнатии Тоҷикистон барои дарёфти қути лоямут ба кишварҳои хориҷ, асосан ба Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд.

Созмони байналмилалии муҳоҷират дар сомонаи расмияш изҳор доштааст, ки тайи таърихи инсоният муҳоҷират ин зуҳури ҷасорату иродаи фард будааст, ки сарфи назар аз ҳама монеаҳо барои ҳаёти беҳтар талош мекунад.

Читайте также  Шарҳи расмии қатл ва буридану сӯзондани сари чӯпони муҳоҷир дар Русия

“Имрӯз дар пайи ҷаҳонишавӣ ва пешрафт дар умури нақлиёту иртибот шумораи афроде, ки имкону хоҳиши кӯчидан ба макони навро доранд, афзоиш ёфтааст”, — омадааст дар сомонаи Созмони байналмилалии муҳоҷират.

Феълан теъдоди муҳоҷирони байналмилалӣ дар ҷаҳон ҳудуди 260 миллион нафар арзёбӣ мешавад.