AVIA Чартер - приложение для заказа джета
Муждаи идонаи геологҳо: кашфи “Бадахшонит” ва “Фалғарит” – 2 минерали нав дар Тоҷикистон
Геологҳои Тоҷикистон, ки аз соли 2011 инҷониб 9 декабрро ҳамчун иди касбӣ таҷлил мекунанд, имсол аз кашфи ду минерали нав дар Тоҷикистон мужда доданд
ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Олимони Пажуҳишгоҳи геологию сейсмологии Тоҷикистон якҷо бо кормандони Осорхонаи минерологии ба номи Ферсмани Академияи илмҳои Русия, ду минерали нав бо номи “Фалғарит” ва “Бадахшонит”-ро кашф намудаанд, хабар додааст “Ховар”.
Международные авиа грузоперевозки
Илҳом Оймуҳаммадзода, мудири Пажуҳишгоҳи геологияю сейсмологияи Тоҷикистон, изҳор доштааст, ки минерали “Фалғарит- K4(VO)3(SO4)5” дар мавзеи Кӯҳи Малик, соҳили рости дарёи Яғноб ошкор карда шудааст.
Минерали “Бадахшонит (Y) — Y2Mn4Al(Si2B7BeO24)” дар қисмати шарқии ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кашф гардидааст.
Ба иттилои Оймуҳаммадзода, Комиссия оид ба маъданҳои нав ва Ассотсиатсияи байналмилалии минерологҳо “Фалғарит” ва “Бадахшонит”-ро аллакай тасдиқ ва эътироф намудаанд. Ӯ афзудааст, ки минералҳои нав вобаста ба макони кашфашон номгузорӣ шуда, эҳтимоли пайдо кардани навъҳои дигари маъдан дар ин мавзеъҳо вуҷуд дорад.
То имрӯз дар ҷаҳон 5336 намуди минералҳо муйян карда шудаанд, ки дар бахшҳои гуногун аз ороишот то технологияҳои ҷадид истифода мешаванд. Аз ҷониби олимони Тоҷикистон то имрӯз 30 навъи минерал, аз ҷумла “Тоҷикит”, “Сурхобит”, “Тиёншонит”, “Баротовит”, “Дӯсматовит”, “Дараипиёзит”, “Файзиевит” ва “Ғармит” кашф шудаанд.
{:ru}Аренда яхты в Европе – востребованная услуга, которой с удовольствием пользуются и жители Таджикистана, приезжающие…
{:ru}Аренда яхты в Европе – лучший способ украсить отдых, который вполне могут себе позволить не…
{:ru}Франция – развитая преуспевающая страна со стабильной экономикой и высочайшим уровнем жизни. Нет ничего удивительного,…
{:ru}Аренда недвижимости во Франции актуальна для иностранцев из самых разных государств, в том числе и…
{:ru}Малая авиация в Таджикистане – незаменимый помощник в ключевых сферах жизни страны. Здесь чрезвычайно популярны…
{:ru}Хотите сделать заказ частного самолета в Таджикистане? Компания AVIAV TM оперативно организует рейс в нужный…