Нота ба ҳамсоя: Узбакистон омодагии ҷангии артишашро месанҷад

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Нота ба ҳамсоя: Узбакистон омодагии ҷангии артишашро месанҷад

Узбакистон бо ирсоли як нота аз нияташ барои санҷиши омодагии ҷангии нерӯҳои низомӣ иттилоъ дода, ҳамсояҳоро огоҳ кардааст, ки ин иқдом алайҳи ҳеч кишваре равона нашудааст

ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Тибқи нотаи Вазорати умури хориҷии Узбакистон, санҷиши омодагии ҷангии артиши ин кишвар 26 ноябр ба нақша гирифта шудааст.

Международные авиа грузоперевозки

Вазорати умури хориҷии Қирғизистон иттилоъ дод, ки нотаи ҷониби Узбакистонро дарёфт кардааст.

Узбакистон дар нотааш таъкид намудааст, пойбанди уҳдадориҳои қаблияш дар назди кишварҳои дигар буда, санҷиши омодагии ҷангии артиш алайҳи ҳеч кишваре равона нашудааст.

“Ҳадафи санҷиш баҳогузории омодагии ҷангии қувваҳои мусаллаҳи Узбакистон мебошад”, — омадааст дар нотаи Вазорати умури хориҷии ин кишвар.

Қирғизистон таъкид намудааст, ки тамоми сохторҳои дахлдорро аз ин иқдоми Узбакистон огоҳ кардааст. Дар мавриди он, ки оё Узбакистон ҷониби Тоҷикистонро низ аз ин нияташ огоҳ кардааст ё не, феълан иттилое расонаӣ нашудааст. 

Читайте также  Чемпионат дар Тошканд: Сабринаи 12-сола дар шоҳмоти фаврӣ мақоми дуюм гирифт