Обуҳавошиносон: дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Обуҳавошиносон: дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст

ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik.  Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар пойтахти Тоҷикистон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда,  шабона 1+3  ва рӯзона +12+14  дараҷа гарм мешавад.

Международные авиа грузоперевозки

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрноки тағйирёбанда    шуда,  фаромадани меғ  дар назар аст.  Ҳарорат шабона ба 0+5  ва рӯзона  ба  11+16  дараҷа мерасад.

Обу ҳаво дар ВМКБ абрноки тағйирёбанда дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона -4-9,   рӯзона  1+6  ва дар шарқи ин вилоят шабона -20-25  ва рӯзона -8-13 дараҷа сард  мешавад.

Дар вилояти Суғд  ҳавои абрноки  тағйирёбанда шуда,  фаромадани туман дар назар аст.  Шамол аз самти ғарб 3-8  метр, дар баъзе ноҳияҳо то 12-17 метр дар  як сония мевазад.  Ҳаво дар водиҳо шабона -1+4  ва рӯзона  9+14  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки  тағйирёбанда  шуда,  фаромадани туман  дар назар аст.  Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 ва рӯзона +13+18   дараҷа гарм хоҳад шуд.

Читайте также  Зуҳуров ва Ракита масъалаи ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русияро баррасӣ намуданд