Олими тоҷик — муаллифи «Фарҳанги арабӣ-тоҷикӣ» дар Қатар ҷоиза гирифт

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Олими тоҷик — муаллифи «Фарҳанги арабӣ-тоҷикӣ» дар Қатар ҷоиза гирифт

Китоби «Фарҳанги арабию тоҷикӣ» -и Сарходими маркази «Синошиносӣ»-и Академияи илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои филология, профессор Саидраҳмон Сулаймонӣ дар бахши беҳтарин фаъолият дар соҳаи тарҷумонӣ ва фарҳангнигорӣ сазовори мақоми аввал гардид

ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Олими тоҷик Саидраҳмон Сулаймонӣ барои таълифи «Фарҳанги арабӣ-тоҷикӣ» дар Қатар ҷоиза гирифт, хабар медиҳад оҷонсии «Ховар».

Международные авиа грузоперевозки

Бино бар иттилои манбаъ, 11-12 декабр дар пойтахти Қатар- шаҳри Давҳа конфронси байналмилалии тарҷумонӣ ва тафоҳуми байналмилалӣ бо ҳузури олимону тарҷумонҳои варзида, намояндагони доираҳои илмии беш аз 20 кишвари ҷаҳон баргузор гардид.

«Бо қарори ҳайати доварони байналмилалӣ китоби «Фарҳанги арабию тоҷикӣ» -и Сарходими маркази «Синошиносӣ»-и Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филология, профессор Саидраҳмон Сулаймонӣ дар бахши беҳтарин фаъолият дар соҳаи тарҷумонӣ ва фарҳангнигорӣ сазовори мақоми аввал эълон шуд», — менависад манбаъ.

Ҳамчунин 12 декабри соли равон дар шаҳри Давҳа маросими расмии супоридани ҷоизаи Шайх Ҳамад дар соҳаи тарҷумонӣ ва тафоҳуми байналмилалӣ баргузор гардид. Намояндаи шахсии Падарамири Давлати Қатар ҳамчун нишони қадрдонӣ аз рушди илму маърифат дар Тоҷикистон ва саҳми олимони тоҷик дар тақвияти робитаҳои байналмилалӣ ҷоизаи мазкурро ба профессор Саидраҳмон Сулаймонӣ барои таълифи «Фарҳанги арабӣ-тоҷикӣ» тақдим намуд.

Читайте также  Посухи тунди Юлдуз Усмонова ба овозхони ришдарози узбак: то имрӯз дар куҷо будӣ?