Олмон барои рушди Тоҷикистон 27 миллион евро медиҳад

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Олмон барои рушди Тоҷикистон 27 миллион евро медиҳад

Маблағҳое, ки Олмон барои Тоҷикистон ҷудо намудааст, барои рушди тандурустӣ, молия, энергжӣ, таҳсилоти ҳирфаӣ ва фанноварӣ равона карда мешавад

ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik.  Ҳукумати Олмон барои рушди соҳаи тандурусти, молия, энержӣ, таҳсилоти ҳирфаӣ ва фанноварӣ ба Тоҷикистон 27 миллион евро ҷудо намудааст, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.

Международные авиа грузоперевозки

“Ахиран дар пойтахти Тоҷикистон мулоқоти байниҳукуматӣ баргузор шуд. Раиси бахши Осиёи Марказӣ ва Шарқии вазорати федералии Олмон гуфт, ки ҳукумати кишвараш ба Тоҷикистон 27 миллион евро ихтисос хоҳад дод” , — иттилоъ додааст вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон.

Маблағҳои ҷудошуда ба рушди соҳаи тандурусти, молия, энержӣ, таҳсилоти ҳирфаӣ ва фанноварӣ равона хоҳад шуд.

Ширкаткунандагони мулоқот тарҳҳоеро, ки дар Тоҷикистон бо таъмини молии Олмон иҷро мегардад, баррасӣ карданд. Аз ҷумла, Олмон дар Тоҷикистон тарҳҳои тармим ва бозсозии муассисоти пизишкии беҳсозӣ ва муъолиҷаи сил ва сохтусози бемористони бемории сил дар Мачитонро таъмини молӣ мекунад.

 

Читайте также  Раддабандии кишварҳои рушдкунанда: Тоҷикистон дар ҷои чандум қарор гирифт?