Парлумони Афғонистон: ДОИШ дар Тоҷикистон бар зиддӣ Русия таблиғоти фаъолона мебарад


Парлумони Афғонистон: ДОИШ дар Тоҷикистон бар зиддӣ Русия таблиғоти фаъолона мебарад

Миёни сокинони ҳаммарз бо кишварҳои Осиёи Марказӣ: узбакҳо, тоҷикҳо, туркманҳо таблиғот бар зиддӣ Русия рафтаистодааст, гуфтаанд дар Парлумони Афғонистон

ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Ҷангҷӯёни гуруҳи “ДОИШ” миёни сокинони кишварҳои Осиёи марказӣ ба муқобили Русия таблиғоти фаъолона мебаранд, ба РИА Новости гуфт вакили парлумони Афғонистон аз музофоти Бағлан Файсал Самӣ.

“Мо далелҳо дорем, ки ДОИШ миёни сокинони наздимарзӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ: узбакҳо, тоҷикҳо, туркманҳо ва дигар истиқоматкунандагон дар срзамини Афғонистон бар зиддӣ Русия ба таври фаъолона таблиғот бурда истодаанд”, — гуфт Самӣ.

Вай қайд кардааст, ки “яке аз мақсадҳои гуруҳи ДОИШ  дар Афғонистон, бевостиа баромадан ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва таҳдид ба нафъи Русия мебошад”.

Диққати Русия якчанд маротиба ба парвози чархболҳои номаълум ба шимоли Афғонистон, ки бевосита ба кишварҳои Осиёи Миёна наздикӣ дорад, афтода буд.

Чихеле, ки дар Вазорати умури хориҷаи Русия қайд кардаанд, чархболҳо ба ҷангҷӯёни маҳалии ДОИШ, ки бо Толибон ҳамкори доштаанд лавозимотҳои ҷангӣ мекашонидаанд.

Чанде пеш Виктория Легранова мутахасис оид ба масоили амнияти байналмилалӣ гуфта буд, ки кишварҳои пасошӯравиро мебояд як низоми ягона бар зиди гуруҳи ДОИШ созанд.

“Агар кишварҳои минтақа хоҳанд ахлоқу одоб, тартибот ва оромии ислом ҳамчун дини роҳнамои накию некикорӣ ва баробарию бародарӣ боқи монад, бояд бо ҷавонон ва аҳолӣ корҳои лозима ва фаҳмондадиҳи гузаронанд”, — ба Sputnik Тоҷикистон гуфт Легранова.

Ёдовар мешавем, ки дар соли 2017 шумораи ҳалокшудагон дар натиҷаи амалҳои террористи  27 дар сад кам шудааст.

Дар натиҷаи амалҳои тераристи аз ҳама зиёд шаҳрвандони Афғонистон, Ироқ, Нигерия, Самалӣ, Сурия, Покистон ва Египет ба ҳалокат расидаанд.  

Читайте также  Тағйироти кадрии Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Данғара то шаҳри Душанбе