Ҷаримагурезиҳои зани “тойотасавор” ва идораҳои давлатӣ: БДА рӯйхати нав нашр кард

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Ҷаримагурезиҳои зани “тойотасавор” ва идораҳои давлатӣ: БДА рӯйхати нав нашр кард

Дар феҳрист исми ду идораи давлатӣ – Сарраёсати Хоҷагӣ-коммуналии ноҳияи Сомонии Душанбе ва идораи Қитъаи таъминоти барқи Душанбе зикр гардидааст, ки ҳар ду дар маҷмӯъ бештар аз 400 маротиба қоидаи ҳаракат дар роҳро вайрон карда, ҷаримаро пардохт накардаанд

ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон рӯйхати нави ронандаҳои ҷаримагурезро нашр кардааст.

Тавре дафтари матбуотии ВУД хабар медиҳад, дар рӯйхат исми 20 ронанда ҷой дода шудааст, ки хунукназарӣ зоҳир намуда, ҷаримаҳоро пардохт намекунанд.

Международные авиа грузоперевозки

Бино бар иттилои ВУД, аз ҳама бештар худрави “Форланд”, ки ба Сарраёсати Хоҷагӣ-коммуналии ноҳияи Сомонии Душанбе тааллуқ дорад 376 маротиба қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон кардааст.

Дар ин феҳрист ронандаи “Опел Астра” Неъматулло Мавзудов низ “пешқадам” аст. Ӯ 178 маротиба қонуншиканӣ кардааст.

Ҳамчунин БДА исми занеро зикр кардааст, ки бо “Тойота Королла” 67 маротиба қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон намуда, аз пардохти ҷарима саркашӣ мекардааст.

Бо номгӯи пурраи ронандаҳои ҷаримагурез метавон дар сомонаи ВКД шинос шуд.

Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи ронандагони воситаҳои нақлиёти давлатӣ ва шахсӣ мерасонад, ки ҷаримаҳои таъиншударо дар муҳлати муайянгардида пардохт намоянд. 

admin

Share
Published by
admin

Recent Posts

Аренда яхты в Европе для ваших целей

{:ru}Аренда яхты в Европе – востребованная услуга, которой с удовольствием пользуются и жители Таджикистана, приезжающие…

7 years ago

Аренда и покупка яхты в Европе

{:ru}Аренда яхты в Европе – лучший способ украсить отдых, который вполне могут себе позволить не…

7 years ago

Покупка недвижимости во Франции и оформление ПМЖ

{:ru}Франция – развитая преуспевающая страна со стабильной экономикой и высочайшим уровнем жизни. Нет ничего удивительного,…

7 years ago

Аренда недвижимости во Франции

{:ru}Аренда недвижимости во Франции актуальна для иностранцев из самых разных государств, в том числе и…

7 years ago

Легкая авиация в Таджикистане

{:ru}Малая авиация в Таджикистане – незаменимый помощник в ключевых сферах жизни страны. Здесь чрезвычайно популярны…

7 years ago

Услуги деловой авиации в Таджикистане

{:ru}Хотите сделать заказ частного самолета в Таджикистане? Компания AVIAV TM  оперативно организует рейс в нужный…

7 years ago