БДА рӯйхати иловагии ронандагони ҷаримагурезро мунташир кард

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


БДА рӯйхати иловагии ронандагони ҷаримагурезро мунташир кард

Дар он ному насаби 33 ронанда омадааст, ки аз 10 то 80 маротиба қоидаҳои ҳаркат дар роҳро вайрон карда, ҷаримаро напардохтаанд

ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки Бозрасии давлатии автомобилӣ феҳристи ронандагони ҷаримагурезро мунташир кардааст.

Дар рӯйхат ному насаби 33 ронандаи ҷаримагурез мунташир шудааст, ки қоидаҳои ҳаркат дар роҳро вайрон карда, ҷаримаро пардохт накардаанд.

Гуфта мешаванд, ронандагон аз 10 то 86 маротиба қонуншиканӣ кардаанд.

Международные авиа грузоперевозки

Аз ҳама бештар ронандаи “Хундай Старекс” Рустам Лалиф қоидаи ҳаракат дар роҳро 86 маротиба вайрон кардааст.

Пасон исми ронандаи “Опел-Астра” Раҳмоналӣ Ҳусейнзода, сокини ноҳияи Турсунзода зикр мешавад, ки 83 маротиба қонуншиканӣ кардааст.

Бо  феҳристи пурра метавонед аз сомонаи ВКД шинос шавед.

Пештар низ Вазорати умури дохилии Тоҷикистон феҳристи ронандаҳоеро, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Душанберо нақз карда ва маблағи ҷаримаро пардохт накардаанд, нашр карду буд.

Ин рӯйхат дар асоси сабти дурбинҳои Маркази низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт — “Шаҳри бехатар” пайваста мунташир мешавад.

Читайте также  Ҷавони 19-сола даст ба дуздидани тилловорӣ задааст