Бонки миллӣ ба “Ташкилоти суғуртавии Сипаҳр” иҷозатнома дод

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Бонки миллӣ ба “Ташкилоти суғуртавии Сипаҳр” иҷозатнома дод

Дар бораи додани иҷозатнома ба “Ташкилоти суғуртавии Сипаҳр” қарори раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ба тасвиб расидааст

ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik.  Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 22 ноябри соли равон ба “Ташкилоти суғуртавии Сипаҳр” барои анҷом додани фаъолияти суғуртавӣ иҷозатнома дода шуд, хабар медиҳад Бонки миллӣ.

Международные авиа грузоперевозки

“Рӯзии 22 ноябри соли равон дар асоси моддаи 4 ва 34-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ”, моддаи 6-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ба ҶДММ “Ташкилоти суғуртавии Сипаҳр” барои анҷом додани фаъолияти суғуртавӣ иҷозатнома дода шуд”, – хабар додааст манбаъ. 

Инчунин Бонки миллӣ таъкид намудааст, ки мутобиқи қарори мазкур ба “Ташкилоти суғуртавии Сипаҳр” барои анҷом додани намудҳои суғуртаи ихтиёрӣ, аз ҷумла, суғуртаи ихтиёрии корҳои сохтмонӣ ва васлкунӣ, суғуртаи ихтиёрии молу мулк ва суғуртаи ихтиёрии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқӣ иҷозат дода мешавад. 

Бонки миллӣ ба Идораи назорати суғуртавӣ дастур додааст, ки “Ташкилоти суғуртавии Сипаҳр”-ро ба Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта ворид намояд. 

Читайте также  Бонки миллӣ БАТР-ро ба татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ ба бахши хусусӣ даъват намуд