Медали тиллои Сомон Маҳмадбеков аз Ҷоми Осиё

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Медали тиллои Сомон Маҳмадбеков аз Ҷоми Осиё

Дзюдокори тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар мусобиқаи Ҷоми дзюдои Осиё пирӯз шуд

ДУШАНБЕ, 01 дек — Sputnik. Варзишкори тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Ҳонг Конг медали тилло ба даст овард.

Бино бар иттилои Кумитаи олимпии Тоҷикистон, Маҳмадбеков дар вазни 73кг гуштин гирифтааст.

Международные авиа грузоперевозки

“Сомон, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар варзишгари Чин Эршаогету Аму, дар чорякфинал бар варзишгари Филиппин Кеисей Накано ғалаб карда, ба нимфинал роҳ ёфт. Паҳлавони тоҷик дар нимфинал варзишгари Муғулистон Чоиҷилсурен Ганболдро аз сари роҳ дур кард ва дар финал бар варзишгари Ҷопон Даичӣ Танака пирӯз шуд”, – гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Варзишгари дигари тоҷик Хаёмиддин Ҷабборов низ дар мусобиқа медали биринҷӣ ба даст овардааст.

Дар мусобиқа 220 варзишгар (128 мард, 92 зан) аз 29 кишвари дунё ширкат доранд. Мусобиқа фардо идома меёбад.

Сомон Маҳмадбеков зодаи Тоҷикистон ва муқими Русия аст, аммо дар сабқатҳо Тоҷикистонро муаррифӣ мекунад.

Читайте также  Резиши борону барф дар аввалин рӯзи зимистон