Солярка тамом шуд, фароед: вокуниши мақомот ба шикояти Мижгона Ҳалимова – акс

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Солярка тамом шуд, фароед: вокуниши мақомот ба шикояти Мижгона Ҳалимова – акс

Корхонаи “Душанбенақлиётхадамотрасон” шикояти мусофирон дар хатсайри рақами 43-ро, ки ронандаҳои автобус бо баҳонаи тамом шудани сӯзишворӣ мусофиронро дар нимароҳ мефуроранд, мавриди омӯзиш қарор додааст

ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Мижгона Ҳалимова, яке аз мусофирони хатсайри рақами 43, ки шоми 23-юми ноябр дар нимароҳ фароварда шудааст, хабар дод, ки “Душанбенақлиётхадамотрасон” ба шикояти ӯ расидагӣ кардааст.

Масъулини “Душанбенақлиётхадамотрасон”  изҳор доштанд, ки шикоят дар мавриди он ки ронандаҳо бо баҳонаи тамом шудани сӯзишворӣ мусофиронро дар нимароҳ мефароранд барои чораандешӣ ва бартарафкунии камбудиҳо ба раёсати корхонаи “Автобус – 3” равона карда шудааст. Манбаъ афзудааст, ки дар пайи чораандешиҳо аз натиҷаи он иловатан маълумот дода хоҳад шуд.

Ҳалимова бо тавсиф аз вокуниш ва афроде, ки нисбати мушкилоти дигарон бетарафӣ намекунанд, изҳор дошт, ки мушкилот бояд гуфта шаванд то ислоҳу бартараф гарданд.

Международные авиа грузоперевозки

Ҳалимова шоми 23 ноябр бо нашри як изҳорот дар саҳифаи фейсбукияш изҳор дошт, ки дар мусофирбари рақами 43 дар маҳаллаи 7-ум километри Душанбе, пулчин аз мусофирон даъват кард, ки фароед, автобусро тела кунед, чун сӯзишворӣ тамом шуд.

Ӯ аз  қавли занону духтарони дохили мусофирбар навишта буд, ки “ҳар бегоҳ автобусҳои 43 ҳамин аҳвол доранд, моро фиреб мекунанд, автобус мехоҳад аз роҳаш гашта, барои одамгирӣ равад. Мо намефароем. Вақте мебинанд, ки одам кам аст, чунин мекунанд”.

Ронанда дар шарҳи ин ҳолат гуфтааст, ки мошинҳоро кам – барои се давр бо сӯзишворӣ таъмин мекунанд, ки ба гуфтаи ӯ намерасад. Дар ҳоле ки автобусҳои нав ба Душанбе ворид шудаанд, ронанда изҳор доштааст, ки муҳаррикҳояшон куҳна шудаанд.

Мижгона Ҳалимова бо зикри ин қазия аз масъулин хост, чунин ҳолатҳоро назорату бартараф кунанд, то мусофирон дар нимароҳ саргардон нашаванд.

“Шояд он идораи масъули назорати ин хатсайрҳо аз ин ҳама баҳонакобию ҳиллагариҳои баъзеи ронандагон хабар надошта бошанд. Ё шояд воқеан ҳам онҳоро бо сӯзишворӣ хуб таъмин намекунанд. Аз он ки дар ин торикиву миёни роҳ мардумро сарсону аз як мошин ба дигар мошин “гусел” мекунанд, нишонаи бехирадист”, – изҳор дошта буд Ҳалимова.

admin

Share
Published by
admin

Recent Posts

Аренда яхты в Европе для ваших целей

{:ru}Аренда яхты в Европе – востребованная услуга, которой с удовольствием пользуются и жители Таджикистана, приезжающие…

7 years ago

Аренда и покупка яхты в Европе

{:ru}Аренда яхты в Европе – лучший способ украсить отдых, который вполне могут себе позволить не…

7 years ago

Покупка недвижимости во Франции и оформление ПМЖ

{:ru}Франция – развитая преуспевающая страна со стабильной экономикой и высочайшим уровнем жизни. Нет ничего удивительного,…

7 years ago

Аренда недвижимости во Франции

{:ru}Аренда недвижимости во Франции актуальна для иностранцев из самых разных государств, в том числе и…

7 years ago

Легкая авиация в Таджикистане

{:ru}Малая авиация в Таджикистане – незаменимый помощник в ключевых сферах жизни страны. Здесь чрезвычайно популярны…

7 years ago

Услуги деловой авиации в Таджикистане

{:ru}Хотите сделать заказ частного самолета в Таджикистане? Компания AVIAV TM  оперативно организует рейс в нужный…

7 years ago