Як Аҳмадшоҳ мурду садҳо таваллуд шуд: чаро тоҷикони Афғонистон нуфузашонро гум мекунанд?

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Як Аҳмадшоҳ мурду садҳо таваллуд шуд: чаро тоҷикони Афғонистон нуфузашонро гум мекунанд?

Чанд соли ахир аст, ки тоҷикону узбакони Афғонистон барои соҳибӣ ба ҳуқуқҳои худ мубориза мебаранд. Ба қавли онҳо, паштуҳои кишвар ҳузурашонро танг мекунанд

ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Як сол пеш дар ҳамин шабу руз дар Афғонистон байни ҳукумати марказӣ ва минтақаҳо муноқиша сар зад, ки онро бархе аз сиёсатмадорон чун оғози ҷанги навбатии шаҳрвандӣ арзёбӣ карданд.

Раисҷумҳури кишвар Ашраф Ғанӣ истеъфои Ато Муҳаммад Нур, раиси вилояти Балх, раиси ҳизби “Ҷамъияти исломӣ” ва роҳбари ғайрирасмии тоҷикони этникии Афғонистони шимолиро талаб кард.

Нур дар навбати худ аз итоат ба Кобул саркашӣ намуд ва раисҷумҳурро дар вайрон кардани тавофуқҳои пештар ба даст омада муттаҳам кард. Дар соли 2014 дар натиҷаи интихобот эътилофҳои қувваҳои  гуногуни сиёсии бо ном Ҳукумати ваҳдати миллӣ ташкил шуд. Мувофиқи шартномаи иштирокдорон  раисони вилоятҳои шимолии Афғонистон дараҷаи густурдаи худмухториро ба даст меоварданд.

Ато Муҳаммад Нур ваъда дод, ки агар ҳукумати марказӣ аз қувва истифода барад, ӯ ҳам ба ҳамин васила посух хоҳад дод. Бо далели он, ки Нур даҳҳо ҳазор низомӣ дошт, ин суханони вай таҳдиди холӣ набуданд.

Аммо бидуни истифодаи ягон қувва қазия ҳал шуд. Нур ба ивази кадом гузаштҳои Кобул, ки то ҳол ба ҳама маълум нест,  розӣ шуд, ки аз мақом барканор мешавад ва баҳона  кард, ки барои иштирок дар интихоботи раёсати ҷумҳур омодагӣ мебинад.

Ба ҳар ҳол, расман дар ин муноқиша ҳукумати марказӣ дастболо шуд, ҳарчанд маҳз ҳукумат назди Ато Муҳаммад сар хам мекард. Бештари сокинон ин қазияро далели паштушавии сиёсати Афғонистон ном доданд.

Читайте также  Варзишкорони тоҷик дар Ҷоми Осиё соҳиби медали тилло ва биринҷӣ гаштанд

Ба гуфтаи роҳбарони ҷамъиятҳои маҳаллии узбакони Афғонистон, тоҷикон устухоне дар гулӯи Ашраф Ғанӣ (ки сиёсати Ҳомид Карзай ҳам ҳамин буд) мебошанд. Онҳо мехоҳанд ба мақомҳои калидӣ танҳо паштуҳоро таъин кунанд.

Международные авиа грузоперевозки

“Ҳодисаи Балх далели равшани танг кардани мавқеи тоҷикон дар саҳнаи сиёсӣ аст. Ин агар аз як тараф Ҳукумати амалкунандаро аз машрӯият маҳрум кунад, аз тарафи дигар кишварро ба вартаи бӯҳрони сиёсӣ тела медиҳад”, – мегӯяд мудири Маркази пажӯҳиши Афғонистони муосир (МПАМ) Умар Ниссор.

Афзун бар ин, паштуҳо гӯё, ки аксариятро ташкил медиҳанд. Байни тамоми аҳолии бисёрқавмии кишвар, ки шумораи онҳо 31,5 миллион гуфта мешавад, ин қавм ҳудудан 40 дар сади аҳолиро ташкил медиҳад. Барои муқоиса, тоҷикони кишвар ҳамагӣ 5 дар сад камтар аз паштуҳо 35 дар сад арзёбӣ мешаванд. 10 дар сади аҳолии кишварро узбакон ва ҳазораҳо ташкил медиҳанд.

Бартарии паштуҳо дар саҳнаи сиёсии Афғонистон намояндагони дигар қавмиятҳоро сахт нигарон мекунад. Ба гуфтаи онҳо, бадии кор дар он аст, ки бозингарони хориҷӣ роҳбарони паштуҳоро ягона ҷониб дар гуфтушунидҳо оиди ояндаи кишвар медонанд, ҳатто агар ин гуфтушунидҳо бо “Толибон”(ҳаракати террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон) бошанд ҳам.

Ҳамин тавр, коргардон Иброҳим Арафӣ, ки худ тоҷики этникии Афғонистон аст, дар мусоҳиба бо рӯзноманигори Sputnik хело шоирона гуфт, ки ҳатто дар мулоқоти ахири дипломатҳои рус ва намояндагони “Толибон” дар Маскав дар гирди миз танҳо паштуҳо буданд.

“Сулҳ якҷониба намешавад. Дар Афғонистон миллатҳои гуногун зиндагӣ мекунанд ва ҳамаи онҳо баробарҳуқуқанд.Паштуҳо инҷо аксариятро ташкил намедиҳанд. Лекин дар гуфтушунидҳо танҳо онҳо иштирок мекунанд  – ҳам аз ҷониби “Толибон” ва ҳам аз ҷониби давлат. Ин метавонад саҳви бузург бошад”, – мегӯяд Иброҳим Арафӣ.

Читайте также  Вазири хориҷаи Тоҷикистон нусхаи эътимодномаи сафири тозатаъйини Чинро қабул кард

Роҳбарони тоҷикон, узбакон ва ҳазораҳо беихтиёр фишори дуҷонибаро эҳсос мекунанд.

Аз як тараф марказ онҳоро аз ҳуқуқи овоздиҳӣ маҳрум мекунад ва нуфузи сиёсиашонро танг мекунад, аз ҷониби дигар дар ҳудудҳои тобеъ онҳо маҷбуранд, ки бо “Толибон” ҷанг кунанд. Толибоне, ки дар ҳудуди кишвар на танҳо чун гурӯҳи террористӣ шинохта мешавад, балки гурӯҳи террористие арзёбӣ мешаванд, ки онро паштуҳо ташкил кардаанд.

Мушкилии намояндагони  қавмиятҳои гуногуни Афғонистон бештар аз мухторият ва нуфузи сиёсӣ – ин масъалаи зинда мондан аст. Одамон фаромӯш накардаанд, ки чигуна дар соли 1993 дар Кобул ваҳҳобиҳои афғон , ки дератар ба “Толибон” ҳамроҳ шуданд,  бо шиаҳо ҷангида, дар чанде аз минтақаҳои Афғонистон  маъракаи поксозии қавмӣ баргузор карда буданд.

Дар Шарқ то дер фаромӯш намекунанд ва ҳоло бештари одамон эълон мекунанд, ки ин дафъа аққалияти хомӯш намемонанд, бигзор ба ивази хун бошад ҳам.

“Амрикоиҳо ба ғайр аз толибон яроқи ҳамаро гирфтанд. Аммо мо агар хоҳем, силоҳ пайдо мекунем. Аҳмадшоҳ Масъуд мурд вале садҳо Аҳмадшоҳ таваллуд шуданд. Мо миллати кӯчакем, аммо Худованд дар ҷониби мост, бигзор онҳое ҳаросанд, ки моро хор карданд”, – мегӯянд имрӯзҳо дар Афғонистон.