«СААД» таҷаммӯи ҷангиёнро дар назди марз бо Тоҷикистон ташвишовар хонд

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


«СААД» таҷаммӯи ҷангиёнро дар назди марз бо Тоҷикистон ташвишовар хонд

Валерий Семериков, иҷрокунандаи вазифаи мудири кулли Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, “СААД” таҷаммӯи ҷангиёнро дар навоҳии наздимарзии Афғонистон бо Тоҷикистон ва Туркманистон мояи нигаронӣ хонд

ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik.Тибқи иттилои дафтари матбуоти СААД, Семериков зимни мулоқоти солонаи котибони Шӯрои амнияти кишварҳои узви ин созмон дар Маскав, вазъи Афғонистонро ташвишовар хонд.

Международные авиа грузоперевозки

Ӯ изҳор доштааст, ки Афғонистон имрӯз ба як пойгоҳи интиқоли ҷангиёни саркӯбнашудаи “ДОИШ” ба кишварҳои ИДМ шудааст.

Семериков таъкид намудааст, ки бо назардошти ин СААД ҷонибдори таъсиси як ҷабҳаи васеи байналмилалӣ алайҳи терроризм ва ҳамкории бештар дар ин бахш бо СММ, ИДМ, СҲШ ва дигар созмонҳо мебошад.

Дар баробари ин иштирокдорони мулоқот мубориза бо терроризму ифротгароӣ дар интернет, пулшӯйӣ ва маблағгузории терроризмро баррасӣ кардаанд.

Читайте также  Муҳоҷират ин ҷасорату ирода аст: ҷаҳон рӯзи муҳоҷирро таҷлил мекунад - навор