Суғдро дар озмуни ҷумҳуриявӣ Ҳанифа Валиева намояндагӣ мекунад

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Суғдро дар озмуни ҷумҳуриявӣ Ҳанифа Валиева намояндагӣ мекунад

Ҳанифа Валиева, мураббия аз кӯдакистони №27-и шаҳри Хуҷанд бо дарёфти 97 хол дар даври ниҳоии озмуни “Мураббияи сол” дар вилояти Суғд пирӯз гашт

Международные авиа грузоперевозки

ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд, даври ниҳоии озмун дар мактаби барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд, бо иштироки намояндагони 6 шаҳру навоҳӣ аз рӯи 5 шарт баргузор гардид.

Манбаъ афзуд, ки Ҳанифа Валиева таҷрибаи беш аз 10 соли мураббиягӣ дошта, аз фаъолтарин мураббияҳои кӯдакистонҳои шаҳри Хуҷанд мебошад.

Дафтари матбуоти ҳукумати Суғд таъкид намуд, ки Ҳанифа Валиева маҳорати худро дар даври ҷумҳуривии озмуни «Мураббияи сол», ки моҳи январи соли 2019 дар шаҳри Душанбе сурат мегирад, мавриди санҷиш қарор медиҳад.

Читайте также  Коршинос: Русия ҳам метавонад ба Тоҷикистон гӯшти мурғ содир кунад