Тағйироти кадрӣ дар Суғд: Сатторзода Хуршед муовини раиси шаҳри Бӯстон таъин шуд

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Тағйироти кадрӣ дар Суғд: Сатторзода Хуршед муовини раиси шаҳри Бӯстон таъин шуд

Маросими муаррифии муовини раиси шаҳр Сатторзода Хуршед Ҳомидӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон сурат гирифт

ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Бо қарори раиси шаҳри Бӯстон Сатторзода Хуршед Ҳомидӣ муовини раиси шаҳри Бӯстон таъин гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд.

“Маросими муаррифии муовини раиси шаҳр рӯзи 13 декабри соли равон бо иштироки мудири шуъбаи кадрҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Ғолибҷон Шарифзода дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон сурат гирифт”, — таъкид намудааст манюаъ.

Международные авиа грузоперевозки

Сатторзода Хуршед Ҳомидӣ 29 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омада, соли 1996 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро бо ихтисоси иқтисодчӣ — менеҷер хатм намудааст.

Номбурда аз соли 2003 то соли 2014 дар вазифаҳои гуногуни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд кору фаъолият бурда, аз соли 2014 то соли 2017 ба ҳайси муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кор кардааст.

Сатторзода Хуршед Ҳомидӣ аз моҳи июни соли 2017 то моҳи октябри соли 2018 дар вазифаи роҳбари дастгоҳи Раиси вилояти Суғд адои вазифа намуда, бо қарори раиси шаҳри Бӯстон аз 12 декабри соли 2018 муовини раиси шаҳри Бӯстон таъин гардид.

 

Читайте также  Роҳбарити нави “Имон Интернешнл” бо Раиси Суғд масоили ҳамкориҳои ояндаро баррасӣ намуд