Ҳукумат музди мудирияти “Роғун”-ро 50 дар сад боло бурд

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Ҳукумат музди мудирияти “Роғун”-ро 50 дар сад боло бурд

Музди мудирони нерӯгоҳи Роғун 50 дар сад боло бурда шудааст, аммо ба маоши сохтмончиён изофа нашудааст

ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон ба музди кормандони мудирияти бакорандозии иншооти нерӯгоҳи Роғунро коэффитсенти вижа таъин кард.

Қарори вижаро Ҳукумати кишвар 30 ноябр ба тавсиб расонидааст.

Дар қарор гуфта мешавад, ки ба музди кормандони мудирияти иншооти бакорандозии Роғун 1,5 аз нишондоди музди меҳнат илова карда шавад.

Международные авиа грузоперевозки

Вазорати молия вазифадор гардидааст, ки то ба истифода додани ду агрегати аввали нерӯгоҳ ва агрегатҳои навбатӣ изофапулии таъингардидаро таъмин кунад.

Дар замимаи қарор музди мудирони нерӯгоҳ тавзеҳ дода мешавад.

Мувофиқи он, музди мудири нерӯгоҳи Роғун 4 ҳазору 600 сомониро ташкил медодааст, ки бо изофапулӣ 6 ҳазору 900 сомониро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин сармуҳандиси Роғун 4 ҳазору 148 сомонӣ ҳақ мегирифтааст, ки бо иловапулӣ 6 223 сомониро ташкил медиҳад.

Музди аз ҳама кам дар мудирияти Роғун ба челонгарони дараҷаи севум муайян шудааст, ки 892 сомонӣ будааст. Баъди қарори Ҳукумат онҳо 1 ҳазору 337 сомонӣ маош хоҳанд гирифт.

admin

Share
Published by
admin

Recent Posts

Иҷораи яхта дар Аврупо барои мақсадҳои шумо

{:ru}Аренда яхты в Европе – востребованная услуга, которой с удовольствием пользуются и жители Таджикистана, приезжающие…

7 years ago

Иҷора ва харидани яхта дар Аврупо

{:ru}Аренда яхты в Европе – лучший способ украсить отдых, который вполне могут себе позволить не…

7 years ago

Харидани амволи ғайриманқул ва тартиб додани МДИ (ПМЖ) дар Фаронса

{:ru}Франция – развитая преуспевающая страна со стабильной экономикой и высочайшим уровнем жизни. Нет ничего удивительного,…

7 years ago

Иҷораи амволи ғайриманқул дар Фаронса

{:ru}Аренда недвижимости во Франции актуальна для иностранцев из самых разных государств, в том числе и…

7 years ago

Авиатсияи сабук дар Тоҷикистон

{:ru}Малая авиация в Таджикистане – незаменимый помощник в ключевых сферах жизни страны. Здесь чрезвычайно популярны…

7 years ago

Хизматрасониҳои авиатсияи тиҷоратӣ дар Тоҷикистон

{:ru}Хотите сделать заказ частного самолета в Таджикистане? Компания AVIAV TM  оперативно организует рейс в нужный…

7 years ago