Иттиҳодия Аврупо бо Тоҷикистон барои имзои созишномаи нав ба зудӣ музокирот хоҳад кард

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Иттиҳодия Аврупо бо Тоҷикистон барои имзои созишномаи нав ба зудӣ музокирот хоҳад кард

Федерика Могерини, раиси сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо эълон намудааст, ки Иттиҳодия Аврупо дар ояндаи наздик имзои созишномаи нави шарикиро бо Тоҷикистон баррасӣ хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Федерика Могерини, раиси сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо рӯзи ҷумъа ба хабарнигорон хабар додааст, ки Иттиҳодияи Аврупо дар ояндаи наздик имзои созишномаи нави шарикиро бо Тоҷикистон баррасӣ хоҳад кард.

Рӯзи ҷумъа дар Брюсел машваратҳо дар формати Иттиҳодияи Аврупо – Осиёи марказӣ баргузор шуд.

Международные авиа грузоперевозки

“Тоҷикистон имрӯз ба мо ишора кард, ки хостори оғози музокирот бар сари имзои созишномаи нави ҳамкорӣ бо Иттиҳодияи Аврупо мебошадва мо ба зудӣ ин музокиротро шурӯъ хоҳем кард”., – гуфт Могерини.

Ёдрас мешавем, ки рӯзи 23 ноябри соли 2018 дар шаҳри Брюссели Шоҳигарии Белгия Вохӯрии навбатии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид.

Бино бар иттилои вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар кори он вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Намояндаи Олии Иттиҳоди Аврупо доир ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ Федерика Могерини ширкат варзиданд.

“Дар рафти нишаст иштирокдорон як зумра масъалаҳоро, аз ҷумла омодасозии Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ, ҳамкории минтақавӣ ва рафъи чолишҳои амниятӣ, ҳамгироӣ, ҷалби сармоягузориҳо ва рушди устувори минтақаи Осиёи Марказӣ, ҳамдастӣ дар сабуксозии пайомадҳои тағйирёбии иқлим, ҳифзи муҳити зист ва идоракунии захираҳои обӣ, инчунин дигар мавзӯъҳои минтақавӣ ва байналмилалиро матраҳ намуданд”, – таъкид манбаъ.

Инчунин зимни мулоқот вазирон роҷеъ ба зарурати идомаи ҳамкории мутақобилан судманди кишварҳои минтақа бо Иттиҳоди Аврупо барои таҳкими зарфиятҳои иқтисодӣ, транзитӣ, нақлиётӣ, кишоварзӣ ва энергетикии кишварҳои Осиёи Марказӣ, беҳтарсозии фазои сармоягузорӣ, таъмини рушди устувори минтақа, мудирияти самараноки сарҳадот, инкишофи захираҳои инсонӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна таъкид намуданд.    

admin

Share
Published by
admin

Recent Posts

Иҷораи яхта дар Аврупо барои мақсадҳои шумо

{:ru}Аренда яхты в Европе – востребованная услуга, которой с удовольствием пользуются и жители Таджикистана, приезжающие…

7 years ago

Иҷора ва харидани яхта дар Аврупо

{:ru}Аренда яхты в Европе – лучший способ украсить отдых, который вполне могут себе позволить не…

7 years ago

Харидани амволи ғайриманқул ва тартиб додани МДИ (ПМЖ) дар Фаронса

{:ru}Франция – развитая преуспевающая страна со стабильной экономикой и высочайшим уровнем жизни. Нет ничего удивительного,…

7 years ago

Иҷораи амволи ғайриманқул дар Фаронса

{:ru}Аренда недвижимости во Франции актуальна для иностранцев из самых разных государств, в том числе и…

7 years ago

Авиатсияи сабук дар Тоҷикистон

{:ru}Малая авиация в Таджикистане – незаменимый помощник в ключевых сферах жизни страны. Здесь чрезвычайно популярны…

7 years ago

Хизматрасониҳои авиатсияи тиҷоратӣ дар Тоҷикистон

{:ru}Хотите сделать заказ частного самолета в Таджикистане? Компания AVIAV TM  оперативно организует рейс в нужный…

7 years ago