СММ: 60 дар сади занҳои кушташуда қурбони зӯроварии хонаводагӣ шуданд

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


СММ: 60 дар сади занҳои кушташуда қурбони зӯроварии хонаводагӣ шуданд

Соли гузашта 50 ҳазор зан дар пайи хушунати хонаводагӣ кушта шуданд. Онҳоро наздиконашон – шавҳар ё маъшуқашон аз ҳаёт маҳрум кардаанд

ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Тақрибан 50 ҳазор зан дар соли 2017 дар пайи зӯроварии хонаводагӣ кушта шуданд, хабар медиҳад РИА Новости дар истинод ба ҳособоти СММ.

Бино бар иттилои манбаъ, занонро маъшуқ ё ҳамсаронашон куштаанд.

Международные авиа грузоперевозки

Дар соли 2017 дар ҷаҳон 87 ҳазор зан ба қатл расонида шуданд. Аз ин 60 дар сади онҳо курбони зӯроварии хонаводагӣ шуда, аз тарафи наздикони худ кушта шудаанд, гуфта мешавад дар маърӯза.

“Новобаста аз он, ки бештари қурбониёни қотилон мардон гаштаанд, занон аз ҳисоби нобаробарии ҷинсӣ ва бадбинии ҷинсӣ қурбон шудаанд. Маҳз занон ба эҳтимоли ғолиб аз ҷониби маъшуқ ё наздикони худ кушта мешаванд”, – омадааст дар ҳисоботи UNODC.

 Қитъаи Африқо яке аз хатарноктарин минтақаҳо барои занон мемонад, ки нишондиҳандаи қатл ба сари ҳар 100 ҳазор зан 3,1 ададро ташкил медиҳад. 

Ин нишондиҳанда дар Амрикои Ҷанубӣ ва Шимолӣ ба 1,6  Океания – 1,3 ва Осиё ба 0,9 расидааст.

Ба иттилои СММ, Аврупо бехатартарин минтақа барои занҳост. Дар ин қитъа ба сари ҳар 100 ҳазор зан 0,7 нишондиҳанда рост меояд.

admin

Share
Published by
admin

Recent Posts

Иҷораи яхта дар Аврупо барои мақсадҳои шумо

{:ru}Аренда яхты в Европе – востребованная услуга, которой с удовольствием пользуются и жители Таджикистана, приезжающие…

7 years ago

Иҷора ва харидани яхта дар Аврупо

{:ru}Аренда яхты в Европе – лучший способ украсить отдых, который вполне могут себе позволить не…

7 years ago

Харидани амволи ғайриманқул ва тартиб додани МДИ (ПМЖ) дар Фаронса

{:ru}Франция – развитая преуспевающая страна со стабильной экономикой и высочайшим уровнем жизни. Нет ничего удивительного,…

7 years ago

Иҷораи амволи ғайриманқул дар Фаронса

{:ru}Аренда недвижимости во Франции актуальна для иностранцев из самых разных государств, в том числе и…

7 years ago

Авиатсияи сабук дар Тоҷикистон

{:ru}Малая авиация в Таджикистане – незаменимый помощник в ключевых сферах жизни страны. Здесь чрезвычайно популярны…

7 years ago

Хизматрасониҳои авиатсияи тиҷоратӣ дар Тоҷикистон

{:ru}Хотите сделать заказ частного самолета в Таджикистане? Компания AVIAV TM  оперативно организует рейс в нужный…

7 years ago