Таъкиди генерал Назарзода аз кам шудани талбандагӣ ва либосовезӣ дар долонҳо дар Душанбе

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Таъкиди генерал Назарзода аз кам шудани талбандагӣ ва либосовезӣ дар долонҳо дар Душанбе

Ба гуфтаи сардори раёсат, ин камбудиҳо дар натиҷаи баргузор кардани амалиётҳои “Одоби шаҳрнишинӣ” бартараф карда шуданд

ДУШАНБЕ, 01 дек — Sputnik. Сардори Раёсати ВКД дар Душанбе Шариф Назарзода дар мулоқот бо раисони кумитаи маҳаллаҳои Душанбе таъкид намуд, ки дар пайи фаъолияти гурӯҳи таблиғотии одоби шаҳрнишинӣ баъзе камбудиҳо бартараф карда шуданд. Дар ин бора дафтари матбуоти раёсат хабар медиҳад.

Международные авиа грузоперевозки

“Масъулини шаҳрдорӣ ва дигар мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва раисону фаъолони кумитаи маҳаллаҳо дар тамоми ҳудуди пойтахт амалиёти маърифативу профилактикии “Одоби шаҳрнишинӣ” роҳандозӣ карда, дар ҷараёни он  ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд”, – изҳор доштааст вай.

Генерал Назарзода таъкид кардааст, ки дар пайи фаъолияти гурӯҳи корӣ оворагардию талбандагӣ, савдои кӯчагӣ, риоя накардани талаботҳои санитарию гигиенӣ зимни ба фуруш баровардани маҳсулоти хурока, овезон намудани либос дар пештоқи (балкон) биноҳои баландошёна, риоя накардани пушидани либоси ягона аз ҷониби фурушандагони баъзе аз марказҳои савдо ва бозорҳо  бартараф карда шуд.

Ба гуфтаи вай, фаъолияти ин гурӯҳ боз ҳам ҷоннок карда мешавад.

Ёдрас мешавем,  қарори махсуси раиси шаҳри Душанбе  “Дар бораи таъсис додани гурӯҳи таблиғотӣ оид ба тарғиби одоби шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони шаҳри Душанбе”  30 январи соли 2018 ба тасвиб расида буд.

admin

Share
Published by
admin

Recent Posts

Иҷораи яхта дар Аврупо барои мақсадҳои шумо

{:ru}Аренда яхты в Европе – востребованная услуга, которой с удовольствием пользуются и жители Таджикистана, приезжающие…

8 years ago

Иҷора ва харидани яхта дар Аврупо

{:ru}Аренда яхты в Европе – лучший способ украсить отдых, который вполне могут себе позволить не…

8 years ago

Харидани амволи ғайриманқул ва тартиб додани МДИ (ПМЖ) дар Фаронса

{:ru}Франция – развитая преуспевающая страна со стабильной экономикой и высочайшим уровнем жизни. Нет ничего удивительного,…

8 years ago

Иҷораи амволи ғайриманқул дар Фаронса

{:ru}Аренда недвижимости во Франции актуальна для иностранцев из самых разных государств, в том числе и…

8 years ago

Авиатсияи сабук дар Тоҷикистон

{:ru}Малая авиация в Таджикистане – незаменимый помощник в ключевых сферах жизни страны. Здесь чрезвычайно популярны…

8 years ago

Хизматрасониҳои авиатсияи тиҷоратӣ дар Тоҷикистон

{:ru}Хотите сделать заказ частного самолета в Таджикистане? Компания AVIAV TM  оперативно организует рейс в нужный…

8 years ago