Атҳам Абдуллозода ба Сомон Маҳмадбеков либоси варзишӣ ҳадя кард

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Атҳам Абдуллозода ба Сомон Маҳмадбеков либоси варзишӣ ҳадя кард

Раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш масъалаи омодагии Сомон ба мусобиқаҳои байналмилалӣ ва дарёфти роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 баррасӣ кард

ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Атҳам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш ва муовини раиси Кумитаи олимпии Тоҷикистон дар як мулоқот бо дзюдокори тоҷик Сомон Маҳмадбеков ба вай либоси варзишӣ ҳадя кардааст. Дар ин бора Кумитаи олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Международные авиа грузоперевозки

Сомон Маҳмадбеков, варзишкори тоҷики муқими Русияро, ки пас аз пирӯзӣ дар Ҷоми дзюдои Осиё ба Тоҷикистон меҳмон шудаааст, Абдуллозода ба ҳузур пазируфтааст.

Бино бар иттилои манбаъ, зимни сӯҳбат масъалаи омодагии Сомон ба мусобиқаҳои байналмилалӣ ва дарёфти роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 баррасӣ гардидааст.

“Зикр шуд, ки дар намуди дзюдо дар ҳар дараҷаи вазнӣ 18 нафар мустақим тариқи раддабандии олимпии Федератсияи байналмилалии дзюдо соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио мешаванд, инчунин 20 варзишгари дигар аз ҳисоби раддабандии қитъаи Осиё имкони иштирок дар бозиҳои олимпиро пайдо менамоянд. Таъкид шуд, ки мусобиқаҳои литсензионӣ дар намуди дзюдо аз 25 майи соли равон оғоз гардидааст ва то 25 майи соли 2020 идома меёбад. Аз ин рӯ, бояд ҷиддӣ ба тамринҳо машғул шуда, дар мусобиқаҳои литсензионӣ ҳатман иштирок кард”, – менависад кумита.

Кумитаи олимпӣ афзудааст, ки Абдуллозода дар анҷом ба Сомон ва мураббиаш либоси варзишӣ ҳадя кард ва ҳамчунин варзишгар аз дастгирии молии кумита бархурдор аст.

admin

Share
Published by
admin

Recent Posts

Аренда яхты в Европе для ваших целей

{:ru}Аренда яхты в Европе – востребованная услуга, которой с удовольствием пользуются и жители Таджикистана, приезжающие…

7 years ago

Аренда и покупка яхты в Европе

{:ru}Аренда яхты в Европе – лучший способ украсить отдых, который вполне могут себе позволить не…

7 years ago

Покупка недвижимости во Франции и оформление ПМЖ

{:ru}Франция – развитая преуспевающая страна со стабильной экономикой и высочайшим уровнем жизни. Нет ничего удивительного,…

7 years ago

Аренда недвижимости во Франции

{:ru}Аренда недвижимости во Франции актуальна для иностранцев из самых разных государств, в том числе и…

7 years ago

Легкая авиация в Таджикистане

{:ru}Малая авиация в Таджикистане – незаменимый помощник в ключевых сферах жизни страны. Здесь чрезвычайно популярны…

7 years ago

Услуги деловой авиации в Таджикистане

{:ru}Хотите сделать заказ частного самолета в Таджикистане? Компания AVIAV TM  оперативно организует рейс в нужный…

7 years ago