Боздошти се муҳоҷир ба иттиҳоми гардиши еврои қалбакӣ

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Боздошти се муҳоҷир ба иттиҳоми гардиши еврои қалбакӣ

Муҳоҷирони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар кӯчаи Академика Пилюгинаи ҷанубу шарқи Маскав бо 20 адад 500 – евроии қалбакӣ дастгир шуданд

ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik.  Кормандони пулиси шаҳри Маскав се моҳоҷирро, ки аз кишварҳои омаданд ба гардиши пулҳои қалбакии евро муттаҳам медонанд. 

Дар ин бора ВУД Русия хабар додааст.

Международные авиа грузоперевозки

Кормандони пулис муҳоҷиронро бо 20 адад купюраҳои 500 еврогаи қалбакӣ дар кӯчаи Академика Пилюгинаи  ҷанубу шарқи Маскав дастгир намуданд. Ҳамагӣ зимни кофтукови шахсӣ аз онҳо 34 ҳазор пулҳои қалбакии евро пайдо намуданд.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия нисбати муҳоҷирони меҳнатӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Ёдрас мешавем, ки ахиран кормандони Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар вилояти Суғд шаҳрванди Русияро бо пулҳои қалбакии евро дастгир карда буданд.

Тибқи иттилои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, воридоти асъори қалбакии евро пули бонки марказии Аврупо ба қаламрави Тоҷикистон аз ҷониби шаҳрванди Русия  Виданов Роман Владимирович, соли таваллудаш 1979, сокини шаҳри Новосибирск анҷом дода шудааст. 18 ҳазор евро купюраҳои 500 евроӣ буда, тибқи хулосаи ташхис бе риояи талаботи технологӣ сохтакорӣ карда шудаанд.

 

Читайте также  Муждаи мавлудӣ: Президент ба муассисаи ба номи Кароматулло Қурбонов мақоми ҷумҳуриявӣ дод