Дур аз таҳсилу кӯмаки тиббӣ: гузориши ЮНИСЕФ аз вазъи муҳоҷирони кӯдак

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Дур аз таҳсилу кӯмаки тиббӣ: гузориши ЮНИСЕФ аз вазъи муҳоҷирони кӯдак

Муҳоҷирони наврас ва ҷавон ҳангоми ҳиҷрати иҷборӣ аксаран як сол ва ҳатто беш аз он аз омӯзиш дур мемонанд ва аз хадамоти тиббӣ ҳангоми зарурат бархӯрдор намегарданд

ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Муҳоҷирони ҷавон аксаран дар пайи ҷангу муноқишаҳо дар кишварҳояшон ба дигар давлатҳо кӯч мебанданд ва зиёда аз 40 дарсади онҳо бе саробон ба сафар мебароянд, гуфта шудааст дар таҳқиқоти Бунёди атфоли Созмони Милали Муттаҳид – ЮНИСЕФ.

Дар ин таҳқиқот, ки тайи се моҳ сурат гирифтаасту дар конфронси байналмилалии СММ дар Марокаш пешниҳод шуд, 4 ҳазор наврас ва ҷавони аз 14 то 24-сола, ки худро гуреза ё муҳоҷир эътироф кардаанд, иштирок намудаанд. Ин гуруҳи ҷавонон дар кишварҳои гуногуни Аврупо, Африқо ва Осиё қарор доранд.

“Ҳудуди 57 фоизи иштироккунандагони ин таҳқиқот маҷбур будаанд, ки аз сабаби муноқиша ва душвориҳо кишварҳояшонро тарк кунанд, 44%  танҳо ба сафар баромадаанд, 38% на аз наздикон, на аз дӯстон, на аз ягон ташкилот ҳеҷ кӯмаке нагирифтаанд”, – афзудааст манбаъ.

Международные авиа грузоперевозки

Дар ин ҳол 58 дарсади онҳо як сол ва зиёдтар аз омӯзиш қафо мондаанд, 49% имконияти сари вақт гирифтани табобатро надоштаанд, омадааст дар таҳқиқоти нашршуда.

“ЮНИСЕФ бо нашри ин санад мехоҳад, ки аз роҳбарони сатҳи ҷаҳонӣ ва роҳбароне, ки дар конфронси Марокаш иштирок карданд, даъват намояд, то ки онҳо таъсири сиёсати муҳоҷират ба ҳаёти кӯдаконро ба назар гиранд”, – таъкид шудааст дар матни санад.

“Мо наметавонем роҳи муҳоҷиратро гирем, аммо имкони ҷилавгирӣ аз таҳдид ва табъизеро, ки кӯдакони муҳоҷирон ва гурезаҳо бо он рӯбарӯ мешаванд, дорем”, – гуфт намояндаи ташкилоти байналмилалӣ, мудири раёсати додаҳо, таҳқиқот ва сиёсати ЮНИСЕФ, Лоуренс Шандӣ.

Читайте также  Марги шавҳарамро интизор будам: ваъдаи кор дар Туркия як оиларо ба гуруҳи Толибон пайваст

Дар ин ҳол ЮНИСЕФ аз ҳукуматҳои хоҳишманд даъват намудааст, ки ба муҳоҷирони наврасу ҷавон хизматрасониҳои аввалиндараҷа – дастрасӣ ба таҳсил, ҳифзи саломатӣ, беҳтар кардани шароити сафари онҳо аз кишвари худ то ба дигар мамлакатҳо ва ҳолати будубоши онҳо дар ҳама даврҳои муҳоҷиратро, муҳайё кунанд.

Дар конфронси байналмилалии СММ рӯзи душанбе дар Марокаш созишномаи амнияти глобалии тартибот ва муҳоҷирати расмӣ бо иштироки ҳайатҳои сатҳи мухталиф аз 150 кишвар тасдиқ шудааст.