Путин Раҳмону президентонро ба театр бурд

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Путин Раҳмону президентонро ба театр бурд

Сарони давлатҳои узви ИДМ бо даъвати раисҷумҳури Русия дар театри Мариинскиии шаҳри Петербург балети “Щелкунчик”-ро тамошо карданд

ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарони кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақилро дар ҳошияи нишасти ғайринавбатии сарони кишварҳои узви ИДМ ба театри Мариинскиийи шаҳри Санкт-Петербург даъват кардааст. 

Тавре дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад, президентон дар театр балети “Щелкунчик”-ро тамошо карданд.

Международные авиа грузоперевозки

Лидеры СНГ неформально пообщались и культурно завершили свой саммит в Мариинке на показе «Щелкунчика», едва не затмив звёзд балета своим появлением в зале pic.twitter.com/qlxgsQgbhg

— Кремлевский пул РИА (@Kremlinpool_RIA) 6 декабря 2018 г.

Ба иттилои манбаъ, сарони кишварҳо дар ҷаласа вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамгироии байнидавлатиро дар доираи иттиҳод мавриди баррасӣ қарор додаанд.

“Сарони кишварҳо ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ, аз ҷумла муборизаи дастҷамъона ба муқобили терроризму экстремизм, ҷиноятҳои муташаккили фаромилӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро баррасӣ карданд”, – гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Ёдрас мешавем, нишасти ғайрирасмии сарони давлатҳои узви ИДМ 6 декабр дар Русия, Санкт-Петербург баргузор шуд.

Читайте также  Оқохони IV нақшаҳояш барои наздиксозии Тоҷикистону Афғонистонро гуфт – навор