Раҳмон Сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияро сабукдӯш кард

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Раҳмон Сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияро сабукдӯш кард

Иззатулло Шарифзода бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз мақомаш барканор шудааст

ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия Иззатулло Шарифзодаро аз мақом барканор кард. 

Бино бар иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳур дар ин бора қарори вижаи Ҳукумат ба имзо расида, далели барканоршавии Шарифзода бознишаста шудан гуфта мешавад.

Международные авиа грузоперевозки

Ҳамин тавр, раисҷумҳур ба мақоми  Сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия Умаров Мансурҷон Ғаффоровичро таъин намудааст.

Умаров Мансурҷон Ғаффорович то ин дам муовини раиси КДАМ буд.

Ҳамчунин раисҷумҳур Табарзода Ҷамшед Авзалро Директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” таъин кард.

Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои масъули давлатӣ таъйин гардиданд, ба хизмати софдилонаву поквиҷдонона ва дар доираи қонун иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ даъват намуданд.

“Ҳамаи шумо ҷавонони соҳибтаҷриба, мутахассиси соҳаҳои худ ҳастед. Зимни иҷрои вазифаҳои хизматиятон кӯшиш намоед, ки дар оянда намунаи ибрати дигарон ва соҳиби эҳтироми мардум гардед,” — таъкид намудааст раисҷумҳур.

Читайте также  Навори пирӯзии дигари Даниэл Рустамов дар барномаи “Голос”