AVIA Чартер - приложение для заказа джета
Боз қурбонӣ баъди нигарониҳо: кӯдак дар Данғара зери “Мерседес” монд
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз як садамаи маргбор дар ноҳияи Данғара хабар дод, ки боиси ҳалокати кӯдаки 9-сола гардидааст
ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, ҳодиса 28-уми ноябр тахминан соати 11:30 рух додааст, ки дар натиҷа Тоҷиев Музамин, соли таваллудаш 2009, сокини деҳаи Ғиҷовак, хонандаи синфи 3-юм ба ҳалокат расидааст.
Международные авиа грузоперевозки
“Ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Баҳриддини Нурӣ Маҳмадализода, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Данғара, ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати деҳоти Корез ба самти деҳаи Ғиҷоваки ҷамоати деҳоти Пушинги ноҳияи мазкур, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ, Тоҷиев Музамин Абдусатторовичро зер кардааст”, – омадааст дар иттилоия.
Манбаъ афзуд, ки дар натиҷа Тоҷиев дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, феълан таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо кормандони мақомоти умури дохилӣ Данғараро дар феҳрасти шаҳру навоҳие ном бурд, ки садамаҳои маргбор дар он зиёд рух медиҳанд ва таъкид намуда буд, ки барои ҷилавгирӣ аз чунин ҳодисаҳо чораандешӣ шавад.
{:ru}Аренда яхты в Европе – востребованная услуга, которой с удовольствием пользуются и жители Таджикистана, приезжающие…
{:ru}Аренда яхты в Европе – лучший способ украсить отдых, который вполне могут себе позволить не…
{:ru}Франция – развитая преуспевающая страна со стабильной экономикой и высочайшим уровнем жизни. Нет ничего удивительного,…
{:ru}Аренда недвижимости во Франции актуальна для иностранцев из самых разных государств, в том числе и…
{:ru}Малая авиация в Таджикистане – незаменимый помощник в ключевых сферах жизни страны. Здесь чрезвычайно популярны…
{:ru}Хотите сделать заказ частного самолета в Таджикистане? Компания AVIAV TM оперативно организует рейс в нужный…