Бозгашти Ахмедов, “таблиғотчӣ”-и собиқи “Гуруҳи 24” ба Тоҷикистон

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Бозгашти Ахмедов, “таблиғотчӣ”-и собиқи “Гуруҳи 24” ба Тоҷикистон

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз бозгашти Мирзоҳаким Ахмедов, муттаҳам дар узвияти созмони мамнӯи “Гуруҳи 24” хабар додааст

ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. ВУД Ахмедовро таблиғотчии пешини созмони мамнӯи “Гуруҳи 24” хонда, таъкид намудааст, ки бозгашти ӯ дар доираи  амалисозии  барномаи давлатии баргардонидани афроди гумроҳзада сурат гирифтааст.

Манбаъ изҳор дошт, ки Ахмедов Мирзоҳаким Мирзоумарович, соли таваллудаш 1983, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Чилгазии шаҳри Исфара наздики чор сол инҷониб ҳамчун узви фаъоли ташкилоти экстремистӣ – террорстии “Гурӯҳи 24” барои даъвати оммавӣ ба фаъолияти экстремистӣ таҳти пайгард қарор дошт.

Международные авиа грузоперевозки

Бино ба маълумоти ВУД, Ахмедовро мубаллиғони созмони фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи “Гурӯҳи 24” тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ҷалб намудаанд.

“Ӯ бо шомил шудан дар саҳифаҳои интернетӣ ба ҳайси таблиғотчӣ баромадҳои иғвоангез намуда, ба бадномкунии Тоҷикистон машғул шудааст. Чунин кирдори ҷиноятӣ боис гашт, ки моҳи марти соли 2015 нисбати Мирзоҳаким Ахмедов аз ҷониби Раёсати тафтишотии ВКД парвандаи ҷиноятӣ оғоз шавад”, – изҳор доштааст ВУД.

Манбаъ афзуд, бо мусоидати мақомот Мирзоҳаким Ахмедов, ки аллакай хатогиашро дарк намудааст, ба Ватан баргашта, афв шудааст.

ВУД хотиррасон кардааст, қонунгузории Тоҷикистон имкон медиҳад, ки новобаста аз хавфнокии ҷиноятҳои характери экстремистӣ дошта дар сурати ихтиёрӣ ҳозир шудан ва мавҷуд набудани дигар аломатҳои таркиби ҷиноят шахси гунаҳгор авф карда шавад.

“Ҳар нафари барои чунин ҷиноят дар таъкиби ҷиноятӣ қарор дошта имкон дорад, дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла ВКД аз ин фурсати муносиб истифода барад”, – омадааст дар иттилоияи ин ниҳод.

admin

Share
Published by
admin

Recent Posts

Аренда яхты в Европе для ваших целей

{:ru}Аренда яхты в Европе – востребованная услуга, которой с удовольствием пользуются и жители Таджикистана, приезжающие…

7 years ago

Аренда и покупка яхты в Европе

{:ru}Аренда яхты в Европе – лучший способ украсить отдых, который вполне могут себе позволить не…

7 years ago

Покупка недвижимости во Франции и оформление ПМЖ

{:ru}Франция – развитая преуспевающая страна со стабильной экономикой и высочайшим уровнем жизни. Нет ничего удивительного,…

7 years ago

Аренда недвижимости во Франции

{:ru}Аренда недвижимости во Франции актуальна для иностранцев из самых разных государств, в том числе и…

7 years ago

Легкая авиация в Таджикистане

{:ru}Малая авиация в Таджикистане – незаменимый помощник в ключевых сферах жизни страны. Здесь чрезвычайно популярны…

7 years ago

Услуги деловой авиации в Таджикистане

{:ru}Хотите сделать заказ частного самолета в Таджикистане? Компания AVIAV TM  оперативно организует рейс в нужный…

7 years ago