Консерту ҷавонони парчамбадаст: таҷлилди рӯзи парчами давлатӣ дар Душанбе

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Консерту ҷавонони парчамбадаст: таҷлилди рӯзи парчами давлатӣ дар Душанбе

Имрӯз дар майдони Муассисаи давлатии “Боғи парчами давлатӣ”-и шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамоиши идонаи фарҳангӣ таҳти унвони “Парчам – рамзи шарафмандии давлатдории миллӣ” баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Дар пойтахти Тоҷикистон “Боғи парчами давлатӣ”-и шаҳр ҳамоиши идонаи фарҳангӣ таҳти унвони “Парчам – рамзи шарафмандии давлатдории миллӣ” баргузор гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси шаҳр.

Бино ба иттилои манбаъ, дар ҳамоиши мазкур намояндагони Ҳукумати Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, вазорату идораҳо ва шумораи зиёди сокинону меҳмонони пойтахт иштирок намуданд.

Ба иттилои манбаъ, ҳамоиши мазкурро ёрдамчии Президенти Тоҷикистон доир ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ифтитоҳ намуд.

Қабл аз оғози тадбири идона, паёми табрикотии Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ ба иштирокчиён қироат карда шуд.

Международные авиа грузоперевозки

“Миллати сарбаланди тоҷик беш аз ҷаҳор ҳазор қабл соҳиби парчам буд ва онро ҳамчун рамзи садоқату рафоқат, шаъну шараф ва таҷассумгари ифтихору ору номуси эҳтиром менамуд ва дар тӯли таърих зери парчами хеш саф кашида, тамомияти арзӣ, ҳувияти миллӣ, ваҳдату ягонагӣ, нангу номус ва забону фарҳанги худро ҳимоят кард”, -таъкид намудааст раисҷумҳур.

Дар қисмати тантанавии ҳамоиши мазкур чаҳор самти боғ ҷавонони парчамбадаст аз ноҳияҳои шаҳри Душанбе ворид гардида, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба майдони ин рамзи давлатӣ оварданд.

Дар майдони боғи “Парчами миллӣ” беш аз 8 ҳазор қишри гуногуни ҷомеа, аз ҷумла занону ҷавонон гирди ҳам омада буданд.

Чорабинии идонаи фарҳангӣ ба ифтихори “Рӯзи Парчами давлатӣ” бо баргузории барномаи бошукӯҳи консертӣ идома ёфт.

Читайте также  Дар Петербург барои ҷалб ба гурӯҳи “ДОИШ” муҳоҷирро ба 7 соли зиндон маҳкум карданд

Ёдовар мешавем, ки Парчами давлатии Тоҷикистон рӯзи 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи ХVI тақдирсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, ин санаи таърихӣ ҳамасола аз ҷониби сокинони кишвар бо ифтихор ва самимияти баланд таҷлил карда мешавад.

Ҳамзамон 30 августи соли 2011 дар остонаи таҷлили ҷашни 20 солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе парчами баландтарин дар ҷаҳон дар баландии 165 метр бо паҳноии 60 бар 30 қомат афрохт.