Лука Модрич соҳиби “Тӯби тилоӣ” гашт

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Лука Модрич соҳиби “Тӯби тилоӣ” гашт

Маҷаллаи фаронсавии варзишии France Football тӯби тилоиро ба футболбози хорватӣ Лука Модрич додааст

ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Лука Модрич беҳтари футболбоз дониста шуд ва барои авалин бор сазовори “Тӯби тилоӣ”шуд, иттилоъ додааст саҳифаи расмии маҷалаи  France Football.

Международные авиа грузоперевозки

Маҷаллаи фаронсавии варзишии France Football, ки ба рейтинги футболбозону ҷоизадиҳии онҳо машғул аст, имсол Лука Модрич  футболбози хорватиро беҳтарин бозигар донист.

Зимни овозидиҳӣ Лука Модрич 753 имтиёз гирифта дар ҷои аввал қарор гирифтааст. Ҷойи дуюмро Криштиану Роналду футболбози португалӣ аз тими “Ювентус” ва ҷои сеюмро Антуан Гризманн футболбози  тими “Атлетико” соҳиб шудаанд.

Ёдрас мешавем, ки пештар FIFA  Лука Модричро беҳтарин бозигари сол дониста буд.

Лука Модрич дар Чемпионати Ҷаҳон, ки дар Русия баргузор шуда буд, бо дастаи мунтахаби кишвараш то ба финал расид ва беҳтарин бозигари Чемпионати Ҷаҳон дониста шуда буд.

Читайте также  Тоҷикистон барои сохтмони НБО “Роғун” 223 миллион доллари иловагӣ ҷудо мекунад