Нигаронии Амрико ва Аврупо аз баста шудани сомонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Нигаронии Амрико ва Аврупо аз баста шудани сомонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ

Сафорати Амрико, Бритониё, Фаронса ва Олмон аз мақомоти Тоҷикистон даъват намуданд, ки озодии матбуотро дар асоси ӯҳдадориҳои байналмилалии ҷумҳурӣ таъмин намоянд

ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Сафоратҳои Британияи Кабир, Олмон, Фаронса, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон доир ба мунтазам баста шудани сомонаҳои хабарӣ ва инчунин шабакаҳои иҷтимоӣ изҳори нигаронӣ карданд.

Дар ин бора дар сомонаи расмии сафорати Амрико дар Тоҷикистон хабар дода шудааст.

Сафоратҳои Британияи Кабир, Олмон, Фаронса, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон оид ба мунтазам баста шудани сомонаҳои хабарӣ, аз ҷумла “Азия Плюс”, “Радиои Озодӣ”, ва инчунин шабакаҳои иҷтимоӣ изҳори нигаронӣ менамоянд.

“Мо боварӣ дорем, ки ҳуқуқи ҳар як шахс барои озодона баён намудани фикру ақидаи худ умумиҷаҳонӣ буда, аз истифодаи он дар майдони ҷамъиятӣ ва ё интернет вобастагӣ надорад”, – таъкид намудааст манбаъ.

Международные авиа грузоперевозки

Дар ҳамин ҳол, сафорати Амрико дар Тоҷикистон аз ҳукумати Тоҷикистон даъват намудааст, ки озодии матбуотро дар асоси ӯҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон таҳти Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ таъмин намояд.

“Мо боварӣ дорем, ки пешрафти дарозмуддат, амният ва субот дар Тоҷикистон масъулияти пурраи ҳукуматро ҷиҳати ҳифзи озодии сухан, озодии васоити ахбори умум ва ҳуқуқи рӯзноманигорон барои бе тарсу сензура ва ё беҷазо кор карданро талаб менамояд”, – гуфтааст сафорати Амрико дар Тоҷикистон.

Манбаъ таъкид намудааст, ки дастрасӣ ба интернети босуръат ва бо нархи дастрас барои рушди иқтисодии ҳар як кишвар бисёр муҳим аст.

Ёдрас мешавем, ки рӯзи 10 декабри соли равон ба шарафи 70-умин солгарди Эъломияи умумиҷаҳонии ҳуқуқи инсон, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва ҳукумати Тоҷикистон аҳамияти ҳифзи ин ҳуқуқҳои умумибашариро дар Тоҷикистон, аз ҷумла озодии матбуотро баррасӣ намуданд.

 

 

admin

Share
Published by
admin

Recent Posts

Аренда яхты в Европе для ваших целей

{:ru}Аренда яхты в Европе – востребованная услуга, которой с удовольствием пользуются и жители Таджикистана, приезжающие…

7 years ago

Аренда и покупка яхты в Европе

{:ru}Аренда яхты в Европе – лучший способ украсить отдых, который вполне могут себе позволить не…

7 years ago

Покупка недвижимости во Франции и оформление ПМЖ

{:ru}Франция – развитая преуспевающая страна со стабильной экономикой и высочайшим уровнем жизни. Нет ничего удивительного,…

7 years ago

Аренда недвижимости во Франции

{:ru}Аренда недвижимости во Франции актуальна для иностранцев из самых разных государств, в том числе и…

7 years ago

Легкая авиация в Таджикистане

{:ru}Малая авиация в Таджикистане – незаменимый помощник в ключевых сферах жизни страны. Здесь чрезвычайно популярны…

7 years ago

Услуги деловой авиации в Таджикистане

{:ru}Хотите сделать заказ частного самолета в Таджикистане? Компания AVIAV TM  оперативно организует рейс в нужный…

7 years ago