Садамаи маргбор: Соатов “Муссо”-ро ба ҷарии 100-метрӣ ронд, то бо “Мерседес” барнахӯрад

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Садамаи маргбор: Соатов “Муссо”-ро ба ҷарии 100-метрӣ ронд, то бо “Мерседес” барнахӯрад

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз як садамаи маргбор бо иштироки се мошин дар роҳи Душанбе-Чанноқ хабар дод, ки дар пайи ба самти муқобили роҳ баромадани “Мерседес”-и боркаш рух додааст

ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, ҳодиса 10-уми декабр, тахминан соати 09:45 дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Такфони ноҳияи Айнӣ рух додааст.

Манбаъ афзуд, Бунёд Почоев, ронандаи 27-солаи  “Мерседес-Бенс Атеко”-и боркаш соли сокини ноҳияи Деваштич, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Такфони ноҳияи Айнӣ ба самти муқобили роҳ баромадааст.

Международные авиа грузоперевозки

Муҳаммадҷон Соатов, ронандаи 48-солаи “Муссо”, ки аз самти муқобил ҳаракат доштааст, барои ҷилавгирӣ аз бархӯрд бо “Мерседес”-и боркаш, ба канори рости роҳ баромада, ба ҷарии тақрибан  100-метрӣ чаппа шудааст.

“Пас аз ин “Мерседес-Бенс Атеко”, ба автомашинаи тамғаи “ВАЗ-2107” таҳти идораи ронанда, Файзуллозода Вазир Усмонҷон, соли таваллудаш 1995, сокини шаҳри Ваҳдат, бархӯрдааст”, – омадааст дар иттилоияи ВУД.

Ин ниҳод таъкид кард, ки дар паий ин садама мусофири  “Муссо”, Майиз Рузиев, сокини 52-солаи ноҳияи Айнӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, ронанда Соатов ва мусофири дигараш, Шервон Нарзуллоев, сокини 23-солаи ноҳияи Айнӣ дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

ВУД афзуд, ки феълан аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Читайте также  Ҷорҷ Буш дар маросими дафни падараш ба ҳамсари Обама қанд дод - Навор