Тоҷикистон бо “Сталин” ва “Ёдгор”-и миллат видоъ мекунад

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Тоҷикистон бо “Сталин” ва “Ёдгор”-и миллат видоъ мекунад

Тоҷикистон имрӯз бо Исо Абдурашидов, ҳунарпешаи шинохтаи тоҷик, ки бар асари бемории давомдор 15 декабр дар Душанбе даргузашт, видоъ мекунад

ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Исо Абдурашидов, ки даҳҳо  нақш дар синамо ва театри Тоҷикистон офаридааст, 15 август дар синни 71-солагӣ дар Душанбе дунёро падруд гуфт. Маросими видоъ бо ӯ имрӯз баргузор мешавад.

Абдурашидов зодаи собиқ ноҳияи Москва, феълан Ҳамадонӣ, хатмкардаи Донишкадаи педагогии Душанбе мебошад, ки тайи наздики 20 сол, то соли 2008‑ум роҳбарии театри ба номи Лоҳутиро ба дӯш дошт.

Ӯ бо нақшояш дар синамо, аз ҷумла Саиди оҳангар дар филми “Дарди ишқ”, Азизбек – “Воқеа дар аэропорт”, лейтенанти калон – “Қапқон барои шағолҳо” ва даҳҳо нақши дигар дар театр, аз ҷумла Ёдгор – “Дохунда” ва Сталин – “Драммаи миллат”  дар хотири тамошобинон нақш бастааст.

Международные авиа грузоперевозки

Исо Абдурашидов зимни яке аз мусоҳибаҳои охираш бо Sputnik аз заиф будани драматургияи муосир суҳбат кард. Ӯ ба “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ ишора карда гуфт, солҳои зиёде ин асар илҳомбахши ҳунармандону адибон буд ва садсолаҳо ҳамин тавр абадзинда хоҳад монд. Драматург метавонад, дар асоси сужаҳои он чизе барои саҳна нависад. Тамоми русуми театри тоҷик дар замони кушодашавиш ҳам аз Рустаму Сӯҳроб буд. Имрӯз ҳам дар театрҳо бачаҳои қавию нерӯманд зиёданд.

“Аммо драматургияе, ки имрӯз мо ҳунармандонро маҷбур кунад, то ба саҳна бароему арақи ҷабини худро резонем ва шабҳо дар театр боқӣ монам, мутаассифона кам аст, ё қариб, ки вуҷуд надорад”, – изҳор дошта буд ӯ.

Ба қавли Абдурашидов, дар вақташ драматургия дар театр тавлид мешуд. Тӯрахон Аҳмадхонов дар як шаб драмаи миллатро навишта буд. Баъзе аз драматургҳое, ки имрӯз мо дорем, дар давоми се моҳ наметавонанд, як рӯи варақро нависанд. Яъне, бахши драматургияи тоҷик аз ҳад зиёд заиф аст.

Читайте также  Зуҳуров ва Ракита масъалаи ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русияро баррасӣ намуданд

“Вақте он заиф аст, пас вазъияти феълӣ пеш меояду ҳар кас ҳар чӣ хоҳад мемонад. Нафаре, ки аз режиссура бӯйе набурдааст, режиссёр мешавад ва мо ҳам дигар маҷбур мешавем, ҳар чизро монем. Дар ҳоле ки театри давлатӣ ҳаққи ҳар чи монданро надорад”,- таъкид намуд Исо Абдурашидов.

Ӯ ҳамчунин аз хабари тахриб ва ё кӯчонидани театри Лоҳутӣ изҳори нигаронӣ карда буд.

“Ман орзу дорем, ки ин биноҳо ба ҷойи тахриб шудан, баръакс бо сохтмонҳои ҳозира тавъам ба шаҳри Душанбе зебоӣ бахшанд. Аз тахриби ин биноҳо касе бурд намекунад ва ҳатман замоне ҳам пушаймон мешаванду ангушти таассуф бар лаб мениҳанд”,- изҳор дошт Исо Абдурашидов дар яке аз суҳбатҳои охиринаш бо Sputnik.