Муҳоҷирони тоҷик ба кишвар беш аз 925 миллион доллар интиқол додаанд

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Муҳоҷирони тоҷик ба кишвар беш аз 925 миллион доллар интиқол додаанд

Муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон дар семоҳаи соли равон ба ватанашон 925,8 миллион доллар интиқол додаанд. Ҳамин тавр ҳаҷми миёнаи интиқоли маблағҳо аз Русия ба Тоҷикистон дар ин давра 534 долларро ташкил медиҳад

ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik.  Дар семоҳаи сеюми соли равон муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон аз Русия ба кишварашон тавассути низомҳои интиқоли маблағ 253,8  миллион интиқол доданд, иттилоъ додааст Бонки марказии Русия.

Интиқоли маблағ ба Тоҷикистон тавассути низомҳои интиқоли пул сурат гирифтааст.

Международные авиа грузоперевозки

Таъкид шудааст, ки ҳаҷми миёнаи интиқоли маблағҳо аз Русия ба Тоҷикистон 534 долларро ташкил додааст.

Дар маҷмӯъ муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон дар семоҳаи сеюми соли равон ба ватанашон 925,8 миллион доллар интиқол додаанд.

Дар ҳамин ҳол, аз Тоҷикистон ба Русия ҳамагӣ 28 миллион доллар маблағ интиқол дода шудааст. Ҳаҷми миёнаи интиқоли маблағҳо аз Тоҷикистон ба Русия 562 долларо ташкил додааст.

Тибқи иттилои манбаъ, Узбакистон дар интиқоли маблағ миёни кишварҳои ИДМ дар семоҳаи сеюми соли равон ҷои аввалро ишғол намудааст. Дар семоҳаи соли равон муҳоҷирони меҳнатии Узбакистон ба кишварашон беш аз 3 миллиард доллар интиқол додаанд.

Читайте также  Раҳмон Вера Исмоиловаро мудири телевизиони "Мир" дар Тоҷикистон таъин кард