Раҳпаймоиву консерт: таҷлили Рӯзи Парчам дар вилояти Суғд

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Раҳпаймоиву консерт: таҷлили Рӯзи Парчам дар вилояти Суғд

24 ноябр ба муносибати Рӯзи Парчам дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд барои меҳмонон ва сокинони ин вилоят чорабиниҳои идона баргузор мешавад

Международные авиа грузоперевозки

ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд, рӯзи 24 ноябри соли равон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои идона ва раҳпаймоиҳо баргузор хоҳад шуд.

Манбаъ таъкид намудааст, ки тибқи нақшаи тасдиқгардида рӯзи дар маркази шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла майдонҳои Парчами давлатӣ ва қасрҳои фарҳангӣ ҷамъомадҳои идона ва барномаҳои консертӣ доир мешавад.

Маъракаҳои идона дар маркази вилоят – шаҳри Хуҷанд, дар майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар хиёбони ба номи Раҳмон Набиев баргузор мегардад.

Читайте также  Расонаҳо аз занозании гуруҳии тоҷикону қазоқҳо дар Русия иттилоъ доданд (ВИДЕО)