Сарбоз солим буд: мақомот дар бораи қатли афсар аз сӯи аскарбача

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Сарбоз солим буд: мақомот дар бораи қатли афсар аз сӯи аскарбача

Мақомоти марзбонии Тоҷикистон кушта шудани лейтенант Алиасғар Олимбеков аз сӯи сарбоз дар минтақаи сарҳадии ВМКБ-ро тасдиқ карданд

ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Тавре аз дафтари матбуоти мақомоти марзбонии Тоҷикистон ба Sputnik иттилоъ доданд, сарбози муттаҳам дар парондани афсар феълан дар ҳабси пешакӣ буда, таҳқиқ аз рӯи ин ҳодиса идома дорад.

Манбаъ изҳор дошт, ки замони ҷалби сарбози муттаҳам ба хидмати ҳарбӣ вазъи саломатияш хуб буд.

“Айни ҳол додситонии ҳарбӣ ба таҳқиқи ҳодиса оғоз кардааст. Муайян мешавад, ки ин ҳодиса тасодуфан ё қасдан рух додааст. Ҷузъиёти дигар танҳо баъди тафтишот пешниҳод хоҳанд шуд”, – изҳор дошт мусоҳиби Sputnik дар мақомоти марзбонӣ.

Международные авиа грузоперевозки

Ҳилол Умедпур, яке аз дӯстони афсар Алиасғар Олимбеков бо нашри як паём дар саҳифаи фейсбукияш изҳор доштааст, ки афсари марҳум бо 8 тир аз сӯи сарбоз кушта шудааст.

Ба иттилои манбаъ ҳодиса 7 – уми декабри соли равон тақрибан соатҳои 16 – и бегоҳӣ ба вақти маҳаллӣ дар Дидбонгоҳи сарҳадии миёндеҳҳои Пишу Ғожаки ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рух додааст.

“Ҳодиса бо сабаби истифодаи телефони мобилӣ аз тарафи сарбозе сар задааст, ки навбатдорӣ мекард ва Алиасғар кӯшиш дошт телефонро аз дасти сарбоз гирад”, – навиштааст Ҳилол Умедпур.

Гуфта мешавад, ки сарбоз нуқсонҳои рӯҳӣ доштааст ва ҳангоми телефонро аз дасташ кашида гирифтан, нофармонӣ карда, беихтиёр бо яроқи оташфишон ба тарафи лейтинант Олимбеков 8 тир холӣ кардааст.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, сарбози муттаҳам феълан дар ҳабс буда, мавриди бозпурсӣ қарор дорад ва ҷузъиёти бештар баъди анҷоми тафтишот ироа хоҳанд шуд.

admin

Share
Published by
admin

Recent Posts

Аренда яхты в Европе для ваших целей

{:ru}Аренда яхты в Европе – востребованная услуга, которой с удовольствием пользуются и жители Таджикистана, приезжающие…

7 years ago

Аренда и покупка яхты в Европе

{:ru}Аренда яхты в Европе – лучший способ украсить отдых, который вполне могут себе позволить не…

7 years ago

Покупка недвижимости во Франции и оформление ПМЖ

{:ru}Франция – развитая преуспевающая страна со стабильной экономикой и высочайшим уровнем жизни. Нет ничего удивительного,…

7 years ago

Аренда недвижимости во Франции

{:ru}Аренда недвижимости во Франции актуальна для иностранцев из самых разных государств, в том числе и…

7 years ago

Легкая авиация в Таджикистане

{:ru}Малая авиация в Таджикистане – незаменимый помощник в ключевых сферах жизни страны. Здесь чрезвычайно популярны…

7 years ago

Услуги деловой авиации в Таджикистане

{:ru}Хотите сделать заказ частного самолета в Таджикистане? Компания AVIAV TM  оперативно организует рейс в нужный…

7 years ago