Баъди ҷавоби рад: Ҳоҷимуродов зани ҷавонашро кушту хусурбачаашро маҷруҳ кард – навор

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Баъди ҷавоби рад: Ҳоҷимуродов зани ҷавонашро кушту хусурбачаашро маҷруҳ кард – навор

Далер Ҳоҷимуродов, сокини 32-солаи ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент ҳамсари худ – модари 27-солаи ду фарзандашро бо 12 зарби корд ба қатл расонда, хусурбачаашро маҷруҳ кардааст

ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ҳодиса баъди зуҳри 1 ноябр, замоне рух додааст, ки Ҳоҷимуродов барои баргардондани ҳамсар – Шукрона Бобоеваи 27-сола, ба хонаи хусуру хушдоманаш рафтааст.

Международные авиа грузоперевозки

Тибқи иттилои тафтишот, дар рӯзи ҳодиса Ҳоҷимуродов ҷавоби рад гирифтааст ва дубора баргаштаасту бо бародари ҳамсараш Идрусхӯҷа Бобоеви 28-сола вориди муноқиша шуда, кордро ба кор бурдааст.

Шукрона Бобоева барои ҳимояи бародари худ ба муноқиша дахолат кардааст, ки дар натиҷа 12 зарбаи корд хӯрда, ба ҳалокат расидааст. Бародараш Идрисхӯҷа бо 5 зарби корд ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ шудааст.

Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, дар пайи ҳодиса Ҳоҷимуродов қасди фирор ба хориҷи кишвар кардааст, аммо дар марз боздошт гардидааст ва феълан таҳқиқи парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ идома дорад.

Читайте также  Пешпардохт кунед: даъвати Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон аз патентдорҳо