Боз як садамаи маргбор дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Боз як садамаи маргбор дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ

Ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чанноқ” дар ҳудуди деҳаи Фирдавсии ноҳияи Шаҳристон пиёдагардро пахш намуда, ба ҳалокат расондааст

ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik.  Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, рӯзи 16 декабри соли равон ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Ёқубҷонов Раҳим Ёқубҷонович дар ҳудуди деҳаи Фирдавсии ноҳияи Шаҳристон пиёдагардро пахш намуда ба ҳалокат расондааст.

Международные авиа грузоперевозки

“Тахминан соати 11:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Ёқубҷонов Раҳим Ёқубҷонович, соли таваллудаш 1966, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чанноқ” дар ҳудуди деҳаи Фирдавсии ноҳияи Шаҳристон аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада пиёдагард, Юсуфов Баҳром Холмардонович, соли таваллудаш 1972, сокини ноҳияи Варзобро, ки дар канори роҳ, дар паси автомашинаи тамғаи “Шакман” меистод, пахш намудааст”, – таъкид намудааст манбаъ.

ВУД Тоҷикистон хабар додааст, ки дар натиҷа пиёдагарди Юсуфов Б.Х. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Дар ҳоли ҳозир кормандони ВУД Тоҷикистон аз рӯи ин ҳодисаи мазкур таҳқиқотро идома доранд.

Читайте также  Нигаронии Амрико ва Аврупо аз баста шудани сомонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ