Эмомалӣ Раҳмон истиқлоли Қазоқистонро ба Назарбоев шодбош гуфт

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Эмомалӣ Раҳмон истиқлоли Қазоқистонро ба Назарбоев шодбош гуфт

Раисҷумҳур дар паёми шодбошиаш изҳор доштааст, ки сатҳи кунунии ҳамкориҳои стратегии Тоҷикистону Қазоқистонро баланд арзёбӣ мекунад

ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури Қазоқистон бо таваҷҷӯҳ ба истиқлоли кишвараш шодбош гуфт, гузориш медиҳад ТоҷикТА.

Международные авиа грузоперевозки

Хабаргузорӣ дар истинод ба дафтари матбуоти раисҷумҳур менависад, ки президенти Тоҷикистон дар паёми шодбошӣ аз ҳамкории ду кишвар изҳори қаноатмандӣ кардааст.

“Бар ин боварам, ки асноде, ки дар раванди ташрифи расмии ман ба кишвари шумо имзо шуданд ва кӯшишҳои муштараки тарафҳо барои амалӣ кардани онҳо ба ҳамкории судманди ҶТ ва Қазоқистон, ки посухгӯи манофеъи кишварҳо ва мардуми мо аст, пӯёӣ мебахшад”, -изҳор доштааст Эмомалӣ Раҳмон.

Қазоқистон ҷашни истиқлолро 16-17 декабр таҷлил мекунад. Ҷашни истиқлолро ҷумҳурӣ бошукӯҳ таҷлил мекунад ва 16-17 декабр дар кишвар рӯзи истироҳат эълон шудааст.

Читайте также  Шаш мансаби холии давлатӣ дар Вазорати фарҳанг: маош аз 696 сомонӣ