Мессии хурдакаки афғонро толибон таъқиб мекунанд – Навор

AVIA Чартер - приложение для заказа джета

Дар соли 2016 расонаҳои ҷаҳониро акси писараки панҷсолае фаро гирифт, ки аз халтаи селофанӣ барои худ футболка сохта, дар он номи футболбози машҳури ҷаҳон Мессиро навишта буд

Орзуи деринаи Муртазо Аҳмадӣ ҷомаи амал пӯшид: Месси бо ӯ вохӯрд ва барояш футболка ва тӯб ҳадя кард.

Мутаассифона, ин шӯҳрат барои тамоми хонаводаи Муртазо ба хатар табдил ёфт. Ҳазораҳои этникиро дар Афғонистон “Толибон” (гурӯҳи террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон) таъқиб мекунанд. Акнун Муртазо ва наздикони вай зери ҳадафи толибон қарор гирифтанд: ҷангиён ба хонавода пай дар пай таҳдид мекарданд.

Международные авиа грузоперевозки

Онҳо маҷбур тарки манзил карда, аз ҷое ба ҷое мегурехтанд. Як вақт хонавода дар Покистон паноҳ мебурд. 

Пас аз ду соли ғарибӣ машаққат ва мушкилӣ маҷбур кард, ки хонавода ба манзилашон баргарданд.

Ҳоло онҳо дар Афғонистон зиндагӣ мекунанд, аммо кӯдакон аз тарс ба мактаб намераванд.

Читайте также  Падар посбони мактабро барои пеш кардани фарзандонаш 17 корд задааст