Пианинонавози 9-солаи тоҷик дар Амрико ҷои аввалро ишғол кард

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Пианинонавози 9-солаи тоҷик дар Амрико ҷои аввалро ишғол кард

Дар консерти “Florida Keys” дар Ню-Йорк Самир Абдураззоқови 9-соларо беҳтарин пианинонавози ин чорабинӣ хонданд

ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik, Марина Чернишова-Мелник. Ҳафтаи гузашта мусиқинавози навраси тоҷик Самир Абдураззоқов соҳиби мукофоти консерти “Florida Keys”, ки дар толори “Карнеги-холл”-и Ню-Йорк баргузор гашта буд, гардид.

Ин мусобиқаи байналмилалӣ барои наврасон пешбинӣ шудааст, то ки онҳо ҳунари мусиқинавозиашонро нишон дода такмил бахшанд. Дар ин чорабинӣ намояндагони 15 кишвари дунё иштирок карданд. Самири 9-сола Тоҷикистонро намояндагӣ мекард.

Ин наврас новобаста аз он, ки дар Шветсия зиндагӣ мекунад ватани бобоияш – Тоҷикистонро дӯст медорад ва ҳамчун санъткори тоҷик баромад мекунад.

Вай аз кӯдакияш фортепион менавозад, оҳангҳои классикиро нағз мебинад ва кӯшиш мекунад, ки худ оҳанг эҷод кунад. Новобаста аз сину соли хурдаш Самир алакай дар якчанд ҷашнвора ва консертҳои байналмилалӣ иштирок кардааст.

Вақте, ки мусиқинавозӣ наврас барои мусобиқаи Амрико таёри медид Sputnik Тоҷикистон бо волидайни ӯ суҳбат анҷон доданд.

Оилаи боистеъдод

Волидайни Самир ва ҳатто бибию бобояш дар олами санъат тарбия ёфтаанд.

Ҳабибулло Абдуразоққов – ҳунарпеша ва коргардони машҳури даврони Шӯравӣ, ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон дар зиёда аз 50 филм нақш офаридааст. Яке аз нақшҳои беҳтарини ӯ Оғобек аз филми “Роҳат бош” (“Гляди веселей”) мебошад.

Ҳамсари ӯ раққосаи бомаҳорати балет ва миллӣ мебошад. Замоне ҳам дар ансамбли давлатии “Лола” баромад мекардааст.

Ҳоло калонони оилаи Абдураззоқовҳо ба ҳайси нафақахур театрашонро дар Душанбе роҳбарӣ кардаистодаанд.

Фарзанди калонии онҳо Ниссор замоне аз истеъдоди волидайнаш илҳом гирифта тасмим гирифта будааст, ки ҳаёташро ба мусиқи мебахшад. Вай аввал мактаби мусиқӣ ва баъдан консерватрияро дар бахши фортопиан хатм кардааст.

Дӯстони оила ба ӯ тавсия доданд, ки барои омӯзиши илми мусиқӣ ба Шветсия равад. Соли 1977 Ниссор ба аспирантураи донишгоҳи Гитерборг дохил шуда баъдан он ҷо зиндагиашро давом додан гирифтаст.

Вай бо ҳамсари ояндааш – Тахмина, ки якараққосси ансамбли Абдураззоқовҳо будааст маҳз дар театри волидайн шинос шудааст.

Читайте также  Пешниҳоди 74 варзишгари пешқадами 2018 ба ҷоизаи аз 15 то 300 ҳазор сомонаи Президент

Ҳангоми яке аз сафарҳои Ниссор ба Тоҷикистон диққати ӯро духтари қадрас ҷалб кардаааст ва онҳо бо ҳам шинос шуданд.

“Мо бо ҳасарам алакай 11 сол бо ҳам зиндагӣ дорем. Рӯзи 7-уми июли соли 2007  (се рақами 7) оила барпо намудем ва ҳатто ба қайдгири ақди никоҳ дар соати 7 бегоҳ муаян шуда буд”, – мегӯяд Ниссор.

Ҳоло насли ҷавони оилаи Абдураззоқовҳо дар шаҳри Гетерборги Шветсия, маконе, ки замоне Ниссор барои омӯзиш омада буд ба сар мебаранд.

  

Баъди хатми аспирантура Ниссор дар мактаби балет фаъолияташро шуруъ кардааст. Ҳоло вай шогирдони худро дорад ва ба онҳо фортопианнавозиро меомузонад. Дар вақтҳои холигиаш ба аксбардорӣ машғул мешавад. Ҳамсараш рақси тоҷикӣ меомузонад ва кудаконашро тарбия мекунад.

Самир намояндаи хурдтарини оилаи Абдураззоқовҳо мебошад, ки дар ҷодаи санъат гом гузоштаистодааст.

© из личного архива Самира АбдураззаковаЮный таджикский музыкант Самир Абдураззаков

Дар ҳавои мусиқӣ ба дунё омадан

Метавон гуфт, ки ояндаи тифл алакай пеш аз таваллудаш маълум буд.

Якум ин, ки Ниссор ҳамеша орзу мекардааст, ки фарзандаш мисли худаш мусиқинавоз бошад.

Ҳамсараш Тахмина бошад ҳамеша дар вақти ҳомиладориаш ба консертҳо ва баромадҳою дарсҳои шавҳараш мерафтааст.

Международные авиа грузоперевозки

Вақте, ки Самир ба дунё омад дар хона ҳамеша оҳангҳои Баха, Мосарта, Шопена ва ғайраҳо садо медоданд.

Шогирдони Ниссор ба хонаи ӯ омада оҳангнавозӣ мекардаанд. Самири навзод бошад аз шунидани ин ҳама ҳаловат бурда ба илҳом меомадааст. Вай ҳамроҳи волидонаш алакай то замони омухтани хондану навиштанаш ба консертҳо рафтанро оғоз карда будааст. Яъне оҳанг ва мусиқӣ дар хунаш ҷой гирифтанд. Ҷои тааҷуб нест, аммо кудак худ аз худ навохтанро оғоз кард.

Вақте, ки Самир панҷ сола буд падару волидайнаш барои  истироҳат ба Душанбе сафар карданд ва ӯ бо роял барои бобояш оҳанг навохт. Бобояш ба Ниссор гуфтааст, ки писараш бисёр истеъдоди баланд дорад. Ва бо ин гап Ниссор аз паси такмили истеъдоди писараш шудааст. Самири хурдсол бошад ба қуллаҳои баланди санъат расидаистодааст.

Читайте также  Боз қурбонӣ баъди нигарониҳо: кӯдак дар Данғара зери “Мерседес” монд

Самир шогирди асосии падар шудааст. Акнун вай дар роял ҳаррӯз мусиқинавозӣ мекунад: баъди дарс 4 соат ва рӯзҳои истироҳатӣ бошад 5 соат машқи оҳангнавозию оҳангсозӣ мекунад.

“Барои писарам ин алакай як одати зиндагӣ шудааст. Муҳим он, ки мусиқӣ ба вай роҳат мебахшад мо бо ҳамсарам ӯро маҷбур намекунем, ки машқ кунад. Вай танҳо вақтҳои бемориаш ва ё дар сафар буданамон ин одаташро иҷро карда наметавонад”, – мегӯяд Ниссор.

© из личного архива Самира АбдураззаковаЮный таджикский музыкант Самир Абдураззаков с наградой

Ошиқи оҳанги классикист

Пианинонавозӣ наврас дар мусобиқаҳои соҳаи мусиқӣ ва консерту ҷашнвораҳои барои ҷавонону наврасон бахшида шуда иштирок карда ҳунарашро намоиш медиҳад.

Тобистони имсол Самир дар Стокголм ва Малме дар назди профессорҳо дар баробари мусиқинавозони 14 сола пианинонавозӣ кардааст. Моҳи сентябр низ дар ҷашнвораи Амстардам ҳунарнамои карда буд.

“Писарам дар саҳна бисёр баромад мекунад, аммо то ҳол пеш аз баромад карданаш асабӣ мешавад. Як рӯз пеш аз чорабиниҳо шабҳо хуб хоб намекунад, бисёр фикр мекунад, ки чи гуна бояд баромад кунад. Бисёр кудаки эҳсосотӣ аст. Аммо вақте, ки ба саҳна мебарояд ва навохтанро оғоз мекунад пурра ба мусиқӣ дода мешавад. Ман фикр мекунам, ки ин хислати хуб аст, бигзор вай бо эҳсосот худро тайёр кунад ва барои танқид омода бошад…. Аз тарафи дигар дар вақти навозишаш аз эҳсосот дур шуда ба мусиқӣ дода мешавад ва ӯро дигар чизе халал расонида наметавонад”, – илова кардааст Ниссор.

Ниссор бо писари бо истеъдодаш, ки ба синну соли хело хурдаш нигоҳ накарда аз таҳти дил меҳнат мекунад ва соҳиби ду мукофоти мусобиқаҳои байналмилалии соҳаи мусиқӣ гаштааст,  мефахрад.

“Писарам бисёртар ба оҳангҳои классикӣ шавқ дорад. Бисёртар ба Мотсарт пайравӣ мекунад. Вай филми”Амадей”-ро 40 маротиба тамошо кардааст ва ҳар боре, ки ӯро тамошо мекунадилҳомаш дучанд мешавад  ва омӯзишашро сайқал медиҳад”, – мегӯяд Абдураззоқов.

Бисёр ҷашнвораҳоеро, ки Самир баромад мекунад падараш барои ӯ пайдо мекунад.

Эълон дар бораи ҷашнвораи Florida Keys дар Ню-Йоркро, низ худи Ниссор дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо карда будааст.

Читайте также  Суғдро дар озмуни ҷумҳуриявӣ Ҳанифа Валиева намояндагӣ мекунад

Ба иштироккунандагон пешниҳод шуда будааст, ки маҳораташонро дар навор сабт карда ба ин ташкилот фиристонанд. Ниссор ҳамроҳи писараш “Соната”-и Скарлаттӣ ва “Доктор градус”-и Клода Дебюссиро интихоб карда буданд. Навори фиристодаи онҳо ба ҳайати жури маъқул шуда Самирро барои иштирок кардан даъват кардаанд.

Ҳамин тариқ дар консерти  Florida Keys-и Ню-Йорк 17 ноябр Абдуразоққови наврасро беҳтарин фортопианонавозӣ ин чорабинӣ хонданд.

Ин аввалин сафари  падару писар ба Амрико будааст ва онҳо боварӣ доранд, ки ин сафар дар хотири онҳо ба таври абад нақш мебандад.

© из личного архива Самира АбдураззаковаЮный таджикский музыкант Самир Абдураззаков

Оҳанги бобоӣ

Ҳар тобистон Абдураззоқовҳо ба ватанашон Тоҷикистон сафар мекунанд.

Самир Тоҷикистон ва хонаи бибию бобояшро бисёр дӯст медорад. Дар хонаи бобояш роял ҳам ҳаст, ва ӯ давоми дар ватани бобоияш будан бо он менавозад.

“Мо бо писарам бисёр фаъолона эҷодиёти композиторҳои тоҷикро омухтаистодаем. Чихеле, ки набошад ин таърихи мусиқии ватанамон аст. Масалан, Самир дар баҳорон “Рапсодия”-и Толибхон Шаҳидиро менавозад. Умуман мо бо ин оила, ки бисёр шахсиятҳои боистеъдод дорад дӯсти дорем. Бунёди онҳо ба Самир маблағгузорӣ мекунад, то ки он ба дигар кишварҳо рафта истеъдодашро нишон диҳад. Як сол пеш Табрез (оҳанггузори филм) аз истеъдоди писари ман огоҳ шуда ба ӯ ҷамъи дискҳои Эмиля Гилелсаро, ки ба хотири 100-солагиаш бознашр шуда буданд, ҳадя кард”, – гуфт Ниссор.

Самир дар вақтҳои холигияш футбол бозӣ мекунад. Вай Роналдоро мухсили мекунад, аммо ин як тарзи фароғат аст. Вай алаакай тасмим гирифтааст, ки ҳаёташро ба мусиқӣ мебахшад: ё оҳангсоз мешавад ё пианинонавоз.

Ниссор ҳам дар ҷодаи санъат фаъолона ҳаракат кардаистодааст. Вай бисёр фаъолона аврупоиҳоро бо сиомои ватанаш ошно месозад ва алакай ду чорабинии намоиши аксҳо дар мавзӯи Тоҷикистонро дар Париж ва Стокголм баргузор кардааст.

Самирро ҷашнвораҳои дар пешистода, ки ба наздики дар Гамбург ва Вена баргузор мегарданд, интизоранд.

Самир оҳангҳои классикӣ менавозад ва албата ҳамчун пианинонавози тоҷик баромад хоҳад кард.