Раиси ВМКБ бел гирифту гуфт, баъди 2 сол сокинони Хоруғ беобиро фаромӯш мекунанд

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Раиси ВМКБ бел гирифту гуфт, баъди 2 сол сокинони Хоруғ беобиро фаромӯш мекунанд

Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ дар маҳаллаи “Дашти Боло” -и шаҳри Хоруғ татбиқи лоиҳаи кашидани хатти оби нӯшокӣ аз шоҳқубури Боғевдара то маҳаллаи Хичордевро оғоз бахшид, ки ба таъмини маркази вилоят бо оби ошомиданӣ равона шудааст

ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Ҳоддӣ Ҳусайнӣ, мудири иҷроияи Агентии Оқохон оид ба  макони зист изҳор дошт, ки ҳадафи асосии ин лоиҳа пеш аз ҳама, дастрасӣ ба санитария ва аз байн бурдани мушкилоти беобӣ дар шаҳри Хоруғ мебошад, иттилоъ додааст “Ховар”.

Ӯ афзудааст, ки аз ҳамкории Ҳукумати  Тоҷикистон бо бахши хусусӣ ва ҷалби сармояи онҳо ба бунёди иншооти иҷтимоӣ хушнуд буда, дар  самти баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кӯҳистон лоиҳаҳои гуногуни муштаракро бо муваффақият  тадбиқ хоҳанд кард.

Международные авиа грузоперевозки

Маблағгузори лоиҳа Ҳукумати Швейтсария буда, оби нӯшокӣ ба масофаи 2,7 километр тавассути қубури диаметраш 150-миллиметрӣ интиқол дода хоҳад шуд.

Валбург Рус, роҳбари дафтари Швейтсария оид ба рушд дар Тоҷикистон, зимни оғози лоиҳа изҳор доштааст, ки дар пайи татбиқи он беш аз  5,5 ҳазор аҳолӣ ва 100 идораву муассисаҳои шаҳр бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин хоҳанд шуд.

Ёдгор Файзов  бо зикри ташаббусҳои Тоҷикистон дар бахши об изҳор дошт, ки агар 10 сол пеш дастрасии сокинони шаҳру ноҳияҳои  вилоят  ба оби нӯшокӣ 47 фисадро ташкил медод, имрӯз ин нишондиҳанда ба 80 дарсад баробар шудааст.

 Ӯ афзудааст, ки тайи солҳои охир барои дастрасии беҳтари сокинони Хоруғ ба оби тоза 4 миллион доллар сарф шудааст, аммо ҳанӯз ҳам камбуди оби ошомиданӣ ҷой дорад. Раиси ВМКБ  таъкид намудааст, ки баъди ду сол сокинони шаҳр чӣ будани беобиро комилан фаромӯш мекунанд.

Читайте также  Обу ҳаво: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст

Тибқи иттилои хабаргузории “Ховар” дар доираи ин лоиҳа ҳамчунин роҳи мошингард ба масофаи 750 метр бунёд мешавад, ки рафту омади сокинони маҳаллаи Дашти Болоро тавассути ин масир наздик месозад. Лоиҳа то моҳи июни соли 2019 бояд анҷом ёбад. Барои бунёди хати оби нӯшокӣ 1,4 миллион сомонӣ маблағи шарикони рушд равона шудааст.