Толеъномаи муфассали соли 2019 барои 12 бурҷи солшуморӣ

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Толеъномаи муфассали соли 2019 барои 12 бурҷи солшуморӣ

Соли 2019 барои ҳамаи афроди мутаваллиди дувоздаҳ бурҷ комёбиҳои гуногунро пешгӯӣ мекунад

Муҳим он, ки Соли навро бо хурсандӣ ва боварӣ пешвоз гирифт, то ки 12 моҳи оянда дар зиндагӣ танҳо хушӣ ва хурсандӣ биоранд.

Танҳо болои аломати бурҷи хеш зер кунед ва бингаред, ки дар Соли нав шуморо чӣ интизор аст.

Агар хоҳед муфассалтар бо толеъномаи худ шинос шавед, тавзеҳоти он дар поён бо забони тоҷикӣ мунташир шудааст.

Толеънома барои соли 2019

Ҳамал (21 март – 20 апрел)

Ҳамалро дар соли 2019 бурдбориҳои зиёд интизор аст: пули бисёр ва муваффақият дар фаъолияти меҳнатӣ. Ҳамаи инро ба туфайли ҷидду ҷаҳди хеш ба даст меоред.

Соли нав бароятон сабукиҳоро ваъда намедиҳад, аммо албатта шавқовар мегузарад. Мувофиқи толеънома дар пеш лоиҳа ва мулоқотҳои пешгӯинашаванда, босамар дар назар аст. Бештари Ҳамалҳо дар соли 2019 метавонанд орзуҳояшонро ба амалӣ кунанд.

Барои Ҳамалҳо соли 2019 давраи ташаккулёбии бартариҳо ва мақсаду маромҳои нав мегардад. Вақти хуб барои омӯзиш, аз азхудкунии тахассусҳои нав ва бастани шартномаҳо аст.

Савр (21 апрел – 20 май)

Мутаваллидони бурҷи Савр бояд бо ҳамон нерӯ фаъолияташонро идома диҳанд. Меҳнаташон бе шубҳа роҳат меорад. Муҳим он, ки бо боварӣ сӯи мақсад ҳаракат кард ва зери таъсири фикрҳои бегона наафтод.

Соли нав ба ашхоси мутаваллиди ин бурҷ бурдборӣ ва фаровонӣ ҳадя мекунад.

Толеънома инчунин ишқу муҳаббати бомуваффақ ва саёҳати хотирмон ваъда мекунад. 

Барои аксарияти Саврҳо соли 2019 соли пурсамар ва тақдирсоз мебошад. Маблағи лозима, кори ба дил мувофиқ ва саодати хонаводагӣ насиби онҳо мегардад.Тақдир барояшон имкониятҳои хуб фароҳам хоҳад овард.

Ҷавзо (21 май – 21 июн)

Дар Соли нав корҳои ин гурӯҳ бомуваффақият сурат мегиранд: роҳбарияти ҷойи коратон ба шумо боварии зиёдтар ҳосил мекунад.

Имсол барои шумо соли босамар ва пурбор аст. Муҳим, ки ба муваффақиятҳои ҳайратангез дода нашавед.

Мутаваллидони бурҷи Ҷавзо дар соли 2019 аз ҳад зиёд ба кор банд мешаванд, аммо ҳамсарони худро ба ҷангу хархаша меангезанд.

Читайте также  Президент бахшида ба Рӯзи бетарафӣ наздики 800 нафарро авф кард

Саратон (22 июн – 22 июл)

Саратонҳо бояд аз болои худ кор кунанд, ба варзиш машғул шаванд, ороиши мӯяшонро дигар кунанд, омӯзанд. Ин тағйиротҳо дар соли 2019 метавонанд ҳаёти ояндаи шуморо рӯ ба беҳбудӣ оранд, аз ҷумла дар мавриди сӯҳбатҳои ошиқона.

Соли нави 2019 ба осонӣ паси сар намешавад, аммо дар вуҷуди ин гурӯҳ кӯшишу ғайратро бедор мекунад, ки дар натиҷа Саратонҳо ба мақсадҳояшон мерасанд.

Дар соли 2019 “Хуки зард” (мучал) метавонад дар дили Саратонҳо шавқи саёҳат, шиносоӣ,  суҳбат кардан ва шинохти худ ва дунёро бедор кунад.

Имсол намояндагони бурҷи Саратон имконияти беҳтар кардани шароити зиндагиашонро пайдо мекунанд ва  инчунин метавонанд оила барпо намоянд.

Асад (23 июл – 23 август)

Ба намояндагони бурҷи Асад соли 2019 муваффақиятҳои беназири пайдарпай меорад, онҳо метавонанд зиндагии худро куллан тағйир диҳанд. Толеънома ба ин гурӯҳ ваъда мекунад, ки ба ҳамаи орзу ва ниятҳояшон мерасанд.

Мутаваллидони бурҷи Асадро мебояд ба истиқболи хушбахтӣ шитобанд. Барои ин бояд ҷисман ва рӯҳан омода бошанд.

Имконияти амалишавии тамоми мақсадҳо худ аз худ пайдо мешаванд танҳо намояндагони ин бурҷро мебояд сари вақт онҳоро истифода баранд. Дилхоҳ ҳаракат метавонад бо муваффақият ба анҷом расад. Аммо таваккал бояд накунанд. Беҳтараш кӯшиш ва ҳаракат ба сӯи мақсад аст.

Сунбула (24 август – 23 сентябр)

Соли нави 2019 ба намояндагони бурҷи Сумбула муваффақият ва маблағи хуб ваъда мекунад. Дар нимсолаи аввали соли 2019 Сунбулаҳои муҷаррад метавонанд дӯстдошта ва ё ҳамсарҳои ояндаи худро пайдо карда, муносибати хуб ба роҳ монанд.

Вазъияти хуби молиявӣ натиҷаи болоравӣ дар ҷои кор мебошад. Инчунин ба суҳбатҳо ва шиносоиҳои муфид метавонанд сабабгор шаванд. Муҳим, ки кӯшиш кард.

Международные авиа грузоперевозки

Намояндагони бурҷи Сунбула дар ин сол метавонанд он корҳоеро, ки то ин вақт анҷом дода натавонистанд, ба анҷом расонанд. Хуб мешуд ба равиши ҳаёт ва махсусан зиндагии худ бо нигоҳи дигар назар кунед.

Читайте также  Садамаҳои нохуши нақлиётии як рӯзи ахир: ҳалокати кӯдаки 5-сола ва зани шахсияташ номаълум

Мизон (24 сентябр – 23 октябр)

Дар соли 2019 Мизонҳоро озурда шудан нашояд ва онҳо бояд ба якчанд кор банд шаванд. Метавонанд ба худомӯзӣ ва инкишофи маҳорату малакаҳои нав машғул шаванд. Ҳамаи ин корҳо барои он аст, ки маъюсиро ҳис накунанд.

Толеънома дар соли 2019 бисёр ҳолатҳои муҳим ва баъзан тақдирсозро ваъда мекунад. Мизонҳои масъулятнок метавонанд ҳамаи тағйиротҳоро ба хуби паси сар карда аз тӯҳфаҳои тақдир лаззат баранд.

 Соли нав умуман барои харидории амволи ғайри манқул, хонаи нав, ишқи нав, барпо кардани оила ва ғайраҳо судманд мебошад.

Ақраб (24 октябр – 22 ноябр)

Соли 2019 давраи тағйирёбӣ ва муваффақиятҳои беандоза мебошад. Барои ин гурӯҳ соли нав танҳо наздики тобистон метавонад бурдбориҳоро ба бор орад. Ин давра метавонад бо нақшаҳо ва корҳои нав бисёр босамар бошад. Муҳимаш ҷиддӣ ва бе найранг ва саросема нашуда кор кард.

Имсол Ақраб бисёр пешқадам аст. Метавон бешубҳа вазифаи баландтар ва ё ба кор навро интизор шуд.

Инчунин метавон дар ин сол на танҳо ишқу муҳаббат, балки оила барпо карданро низ интизор шуд. Бояд қайд кард, ки махсусан ишқу муҳаббат метавонанд ба ин гурӯҳ дар дигар корҳо илҳом бахшанд, тасдиқ мекунад толеънома.

Қавс (23 ноябр – 21 декабр)

Соли нав бе ташвиши рӯзғор ва мушкилиҳои ҷиддӣ мегузарад. Ин гурӯҳ имкониятҳои бепоёни худро ҳис карда ба сӯи мақсадҳояшон ҳаракат мекунанд. Онҳо дар ҳама кори оғозкардаашон муваффақ мегарданд.

Шояд мутаваллидони бурҷи қавс мехоҳанд рӯҳан худро тағйир диҳанд то худро дигар ҳис кунанд. Инчунин дар тасмимҳои навашон мувафақият худ ба худ омадан мегиранд.

Намояндагони ин бурҷ дар соли 2019 дил ба муҳаббат мебанданд, аммо ба ақидаи ситорашиносон муносибаташон дароз давом намекунад. Барои ҳамин онҳо ин солро ба суҳбат ишқварзӣ мебахшанд.

Ҷаддӣ (22 декабр – 20 январ)

Намояндагони бурҷи ҷаддиро тағйиротҳои нав ба нав интизор аст: касе манзили зисташро иваз мекунад, касе ба дигар шаҳр ва ё кишвар сафар мекунад. Имконияти хубтар кардани зиндагии худ хело зиёд аст. Ин гурӯҳ имкони паси сар кардани қарорҳои тағйирдиҳанда зиндагии худро надоранд.

Читайте также  Тоҷикистон ба САҲА: аз сиёсати меъёрҳои духӯра худдорӣ намоед

Дар ҷойҳои корашон ин гурӯҳ одамон метавоананд ба корҳои балантар ва роҳбарӣ бирасанд. Қайд кардан ба маврид аст, ки дар соли 2019 ба Ҷаддиҳо ҳама муваффақиятҳо ба осонӣ даст медиҳанд, муҳим он ки онҳо набояд фориғбол бошанд.

Натиҷаҳои меҳнаташон бо пуршудани ҷайбашон маълум мегарданд.

Ҷаддӣ дар соли нав ба ҷуз фаъолияташон бояд ба саломатии ҷисмонию руҳияшон, низ аҳамият диҳанд.

Соли оянда барои оғоз кардани муносибатҳои хуб ва пойдор кардани оила бисёр муфид аст.

Давл (21 январ – 20 феврал)

Ба ин гурӯҳ одамон мебояд дар соли оянда болои худ кор кунанд ва худхоҳиашонро дигар тараф гузоранд. Инчунин ба машваратҳои наздиконашон гӯш дода онҳоро ёрӣ диҳанд.

Аммо намояндагони бурҷи давл дар соли 2019 метавонанд бо ҷуръат ва чолокиашон ҳамаи мушкилиро ба хуби ҳал кунанд.

Соли нав ба ин гуруҳи одамон имкон медиҳад, то ки онҳо дунёи худро кашф карда тавонанд. Ҳатто метавонанд барои амалӣ гардонидани орзуҳои деринае, ки аз сабаби надоштани қувва ва маблағ ҳал нашуда буданд, кӯшиш кунанд.

Дар фаслҳои тобистон ва тирамоҳ метавоанд оила барпо кунанд, то ин вақт танҳо метавонанд тайёрӣ бинанд.

Ҳут (21 феврал – 20 март)

Барои ин гуруҳи одамон соли 2019 бисёр бомуваффақият мебошад. Ситорашиносон ин солро барои мутаваллидони бурҷи Ҳут имконияти беҳтарини амалигардониии орзуҳо меҳисобанд.

Толеънома оромӣ ва бобарориро нисбати ин гурӯҳ пешбинӣ мекунад.

Дар ҷои кор имконияти вазифаҳои болотар ва роҳбар шудан дар назар аст. Инчунин “хуки зард” барои  корҳои шахсӣ имкони хуб медиҳад.

Имсол дар тобистон ин гурӯҳ метавонанд истеъдодҳояшонро хубтар ташаккул диҳанд.

Дар соли 2019 метавон ба ишқу муҳаббат, низ аҳамият дод. Муҷаррадони ин гурӯҳ метавонанд дӯстдоштаҳои худро пайдо карда, оила барпо кунанд.

Намояндагони оиладори ин гурӯҳ метавонанд муносибатҳои оилавиашонро бо ёрии ягон саёҳати ошиқона хуб кунанд.