Зафарбек Давлатзода – раиси навтаъини шаҳри Конибодом

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Зафарбек Давлатзода – раиси навтаъини шаҳри Конибодом

Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом маросими муаррифии Зафарбек Давлатзода иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри мазкур баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik.  Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода маросими муаррифии Зафарбек Давлатзода иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр баргузор шуд.

Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд хабар додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, зимни муаррифӣ таъкид гардид, ки бо Фармонҳои Президенти Тоҷикистон аз 12 декабри соли равон Ғайбулло Боҳирӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси шаҳри Конибодом озод ва Зафарбек Давлатзода иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Конибодом таъин карда шуд.

Зафарбек Давлатзода филиали хуҷандии Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро соли 1996 хатм намудааст. Ихтисосаш муҳандис-механик буда, дар гузашта дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла сардори КВД Канали Хоҷа-Боқирғон ва сардори Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияҳои Ҷаббор Расулов ва Бобоҷон Ғафуров фаъолият намудааст. Аз соли 2016 то декабри 2018 вазифаи сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилоятро ба уҳда дошт.

Международные авиа грузоперевозки

Ёдрас мешавем, ки 12 декабри соли равон Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як қатор кадрҳои роҳбарикунандаи шаҳру навоҳии се вилояти Тоҷикистонро ҷо ба ҷо кард.

Тибқи фармони раисҷумҳур дар Бадахшон раиси ноҳияи Ванҷ, дар Суғд раиси шаҳри Гулистону Конибодом ва ноҳияи Шаҳристон ва дар Хатлон раиси ноҳияи Фархор барканор шуда, ба ҷойи онҳо кадрҳои дигар таъин шуданд.

Раиси ноҳияи Ванҷ Давлатбибӣ Раҷабова бино бар нафақа баромаданаш барканор шуда, ба ҷойи вай Ҷабори Қосим ба вазифаи иҷрокунандаи раиси ноҳияи Ванҷ таъин шуд.

Читайте также  Саҳми генерал-полковник Раҳимзода дар таъмини Хоруғ бо об

Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода бо далели ба кори дигар гузаштан аз мақом барканор ва ба ҷойи вай Фирдавс Шарифзода таъин гашт.

Раиси шаҳри Конибодом Ғайбулло Боҳирӣ бино бар ба кори дигар гузаштанаш сабукдӯш ва ба ҷойи вай Давлатзода Зафарбек иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр таъин гардид.

Ёқубзода Умар аз вазифаи раиси ноҳияи Шаҳристон озод шуда, ба ҷойи ӯ Ҷалилзода Ашӯралӣ таъин шуд.

Сулаймон Вализода аз вазифаи раиси ноҳияи Фархор озод ва ба ҷойи вай Рустам Раҳматзода таъин карда шуд.