“Ҳушдори сарвазир ба 41 мансабдори кӯлобӣ”

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


“Ҳушдори сарвазир ба 41 мансабдори кӯлобӣ”

Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳукуматӣ бо ҳузури мансабдорони давлатӣ, соҳибкорон ва фаъолони ҷамъиятии Кӯлоб аз фаъол набудани мансабдорони воломақоми шаҳр дар ободу зебосозии шаҳр интиқод кардааст

ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Қоҳир Расулзода дар хитоб ба раиси Кӯлоб изҳор доштааст, ки бо гузашти 3 моҳ аз ҷаласаи қаблию супоришҳои Ҳукумат, ҳатто корро сар накардаанд.

Тибқи гузориши нашрияи “СССР” аз ҷараёни маҷлис, Қоҳир Расулзода ба иддаои раиси Кӯлоб, ки соҳибкорон бо ҳукумат ҳамкорӣ надоранд, эрод гирифтааст.

“Худамон сар кунем, халқ атрофамон муттаҳид мешавад! Бояд назди халқ рафт, пеши соҳибкор рафт, на баракс”, – таъкид намудааст сарвазири Тоҷикистон.

“СССР” навиштааст, ки сарвазир ба 41 мансабдори кӯлобӣ ҳушдор дода, суол гузоштааст, ки чаро тибқи супориш, шахсони мансабдор дар ҳама навоҳӣ хеле ободкорӣ кардаанду соҳибмансабони кӯлобӣ барои шаҳри Кӯлоб намекунанд?

Международные авиа грузоперевозки

“41 нафар аз шаҳри Кӯлоб дар вазифаҳои баланди ҳукуматӣ ва раёсати бонку вазоратҳо кор мекунанд. О, худатон чаро корро сар намекунед? Ақаллан 500-метрӣ роҳро асфалт кунед, халқ бовар дорам, атрофатон ҷамъ мешаваду кор ранги дигар мегирад. Аммо шумо коре накардаед!”, – изҳор доштааст Расулзода.

Сарвазири Тоҷикистон афзудааст, ки “3 моҳи дигар вақт, агар супориши Сарвари давлат ва ҳукуматро иҷро намекунед, пас дар ин ҳукумат кор нахоҳед кард”.

Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёрдамчии раисиҷумҳури Тоҷикистон дар масоили рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа зимни ҷаласа  изҳор доштааст, ки то 30-солагии Истиқлолият дар Кӯлоб 890 иншоот бояд сохта шаванд. Аз ин теъдод 831 иншоотро соҳибкорон ва шахсони воқеӣ месозанду 59 иншоот бо маблағҳои ҷумҳуриявӣ бунёд мегарданд.

Читайте также  Монополияи давлат: генерал ва вакили тоҷик хостори манъи воридоти дору аз сӯи тоҷирон шуд

Раҳмонзода бо таассуф изҳор доштааст, ки  бо гузашти ин қадар вақт корҳо сар нашудаанд.

Даъвати Расулзода аз мансабдорони шаҳри Кӯлоб барои саҳмгузорӣ дар ободкориҳо дар ҳолест, ки худи ӯ қаблан аз ҳисоби худ ва хонаводааш дар зодгоҳаш ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 5 километр роҳро таъмир карда, кӯчаҳоро чароғон намудааст.

Дар пайи ин иқдом бархе аз шаҳрвандон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз мақомдорони тоҷик даъват карданд, ки дар ободонии зодгоҳашон саҳми бештар гузоранд.

Аммо бархеи дигар масъалагузорӣ кардаанд, ки чӣ гуна мансабдорони тоҷик бо он маоше, ки баланд нест, аз ҳисоби худ метавонанд иншооти гуногунро бунёд намоянд ва зарур хондаанд, ки ба ин раванд бештар сармоягузорону соҳибкорон ҳавасманд гарданд.