Фармони Раҳимзода дар бораи қадрдонии “милиса”-ҳои Чин бо нишону медал

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Фармони Раҳимзода дар бораи қадрдонии “милиса”-ҳои Чин бо нишону медал

Ҳамин тавр, бо фармони вазири умури дохилаи Тоҷикистон сардори Департаменти мубориза бар зидди терроризми Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқии Чин бо нишони сарисинагӣ ва дигар кормандони департамент бо медалу тӯҳфаҳо қадрдонӣ шуданд

ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Бо фармони вазири умури дохилаи Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода сардори Департаменти мубориза бар зидди терроризми Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқии Чин Ан Венсин бо нишони сарисинагӣ қадрдонӣ шудааст. Дар ин бора ВУД Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, 10 декбар бо супориши Рамазон Раҳимзода ҳайъати Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВУД ба роҳбарии полковник Шодӣ Ҳафиззода, сардори раёсат бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ ва табодули таҷриба ба Чин сафар карданд. Ҳайъат бо намояндагони Департаменти мубориза бар зидди терроризми Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқии Чин мулоқот карданд.

Международные авиа грузоперевозки

“Дар вохӯрӣ масъалаи ҳамкориҳои дуҷониба дар самтҳои муқовимати якҷоя бар зидди терроризм, экстремизм ва  мубодилаи таҷриба дар мубориза зидди ҷиноятҳои муташккилона ва раванди террористиву экстремистидошта, ҳамкорӣ дар самти ҷиноятҳои киберӣ, бозомӯзии кормандон ва дигар масъалаҳои вобаста ба танзим даровардани фаъолияти бонизоми ҳарду ниҳод мавриди баррасӣ қарор дода шуданд”, – гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Дар доираи вохӯрӣ ҷиҳати самаранок ташкил ва амалӣ намудани ҳамкории дуҷониба Нақшаи чорабиниҳои муштарак барои соли 2019 ба расмият дароварда шуд.

Дар анҷоми мулоқот Ҳафиззода бо фармони вазири умури дохила ба як қатор намояндагони ниҳод нишону медалҳо додааст.

“Сардори Департаменти мубориза бар зидди терроризми Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқии Чин Ан Венсин барои ҳамкории судманд ва ноил гаштан ба натиҷаҳои назаррас бо нишони сарисинагӣ ва дигар кормандон бо медалҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд”, – афзудааст ВУД.

Читайте также  Қоидаҳои санитариро риоя накардед: ҷаримаи мудири шӯъбаи дандонпизишкии ноҳияи Рашт